Сардори ситоди муштараки СПАД: дар Тоҷикистон амалкарди нерӯҳои ҳавоиро тамрин кардем

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкГенерал-полковник Анатолий Сидоров, архивное фото
Генерал-полковник Анатолий Сидоров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори Ситоди муштараки Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ сипаҳбад Анатолий Сидоров дар бораи авлавиятҳои амниятии ин созмон гуфт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017 дар Тоҷикистон чанд размоиши густарда баргузор карда буд.

"Баргузории ин размоишҳоро вазъи низомиву сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бофтори таҳдидҳо аз сӯи созмони теруристии "Давлати исломӣ" зарурӣ карда буд, ки дар Сурияву Ироқ шикаст хӯрдаву ба Афғонистон рӯ овардааст", — гуфт сипаҳбад Сидоров дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Сидоров: ОДКБ провели учения против боевиков ИГИЛ

Дар раванди ин размоишҳо равишҳои пӯшиши ҳавоии ҷангандаҳои бомбафкани дурпарвози Нерӯҳои ҳавоии Русия Ту-95 МС ва ҷангандаҳои шикории Су-30 Нерӯҳои падофанди ҳавоии Қазоқистон ҳангоми бомбаборон ва мушакборон кардани пойгоҳҳои ҷангҷӯён тамрин карда шуданд.

Ҳамчунин дар ин размоишҳо партоби мушакҳои сомонаи тактикии "Искандар" тамрин карда шуд, тавзеҳ дод сипаҳбад Сидоров.

Лентаи хабарҳо
0