ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳур дар Афғонистон ва мудири Дафтари дувуми Осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия, эълом кард, ки Маскав омода аст то дар музокироти сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико, дар сурати тавофуқи ҷонибҳо, нақши миёнҷиро ифо кунад.
“Замони он фаро расидааст, ки афғонҳо ҷангу хунрезиро дар кишварашон бас кунанд. Русия муддатҳо боз аз ниёз ба оғози музокироти густардаи сулҳ мегӯяд”, — гуфтааст Кабулов дар баёнияе, ки ВУХ Русия мунташир кардааст.
Дар ин баёиня афзуда шудааст, ки Русия аз чунин нияте истиқбол мекунад. Афзун бар раисҷумҳури Афғонистон, ҳамчунин Толибон низ омодагии худро барои оғози музокирот эълом кардаанж. Саранҷом, ҳар ду тараф дарк карданд, ки бояд музокира кунанд.
“Бе нақши мусбати Русия, ки беш аз як сол тарафайнро ба мизи музокира даъват мекунад, ин амр имконпазир набуд. Мо ҷиддан аз оғози ҳарчи зудтари музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон барои поён додан ба ҷанг истиқбол мекунем”, — ёдоварӣ кардааст Кабулов.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки дар моҳи апрел намояндаи вижаи раисҷумҳури Афғонистон дар умури амнияти миллӣ Ҳаниф Атмар ба Маскав сафар хоҳад кард. Интизор меравад, ки вай бо аъзои Шурои амнияти Русия дидор хоҳад кард.