Кобул: дар музокироти сулҳи Афғонистон бояд аз Русия истифода шавад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкПортрет Ахмад Шаха Масуда на одной из улиц в Кабуле
Портрет Ахмад Шаха Масуда на одной из улиц в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои олии сулҳи Афғонистон мегӯяд, ки Русия бар вазъияти минтақа таъсиргузор аст ва дар раванди сулҳ бояд аз он истифода шавад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Пас аз ибрози омодагии Русия барои миёнҷигарӣ байни ҳукумати Афғонистон, Толибон ва Амрико, Шурои олии сулҳи Афғонистон нақши Маскав дар раванди сулҳи ин кишварро таъсиргузор медонад.

Здание МИД России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия ва Покистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, муовини раиси Шурои олии сулҳ Азизуллоҳ Динмуҳаммад гуфтааст, ки Русия аз нуфуз дар минтақа бархӯрдор аст ва бояд дар раванди сулҳи Афғонистон низ аз он истифода сурат гирад.

Вай гуфта, ки равобити Русия бо Покистон низ беҳбуд ёфта ва Маскав агар бихоҳад, метавонад дар заминаи таъмини сулҳ дар Афғонистон ҳамкорӣ кунад.

“Русия ҳамсояву наздики мост ва дар масоили минтақа асаргузор аст. Сулҳ низ на танҳо барои Афғонистон, балки барои кулли минтақа муҳим аст. Аз ин рӯ, ҳузури Русия дар раванди сулҳ холӣ аз фоида нест”, — таъкид кардааст Динмуҳаммад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Замир Кабулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия барои Афғонистон ва масъули бахши Осиёи Вазорати умури хориҷии Русия, гуфта буд, ки Маскав омода аст то миёни ҳукумати Афғонистон, Амрико ва Толибон миёнҷигарӣ кунад.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҳамоиши байнамилалии "Раванди сулҳомез — ҳамкорӣ дар заминаи амният ва ҳамкориҳои минтақаӣ" ширкат хоҳад кард, ки 26 — 27 —март дар Тошканд баргузор хоҳад шуд. Ин ҳамоиш идомаи дувумин нишасти "раванди Кобул" аст, ки 28 феврал дар Кобул баргузор шуда буд.  

Лентаи хабарҳо
0