ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ин Бунгоҳ 60 шаҳрванди Тоҷикистонро бо кор фаро гирифта, ки маккиён ва ҳоҷиёнро бо фарҳанг ва хӯрокҳои тоҷикӣ ошно мекунанд.
“Бунгоҳи фарҳанг ва хидматрасонии “Қалъаи тоҷик” дар шаҳри Макка оғоз ба кор кард”, — хабар додааст Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ.
Сохтмони ин бунгоҳ тарҳе тоҷикона дорад ва бо нигораҳои тоҷикӣ ороиш дода шудааст. Кормандони он, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, фарҳанг ва ошпазиву хӯрокҳои тоҷикиро ба мардуми Макка ва ҳоҷиён муаррифӣ мекунанд.
Дар маросими оғоз ба кор кардани ин бунгоҳ сафири Тоҷикистон дар Арабистон Заробиддин Қосимӣ ширкат кардааст.
“Қалъаи тоҷик” тарҳи муштаракест, ки корофарини тоҷик Абдураззоқ Саидов аз Ҳисор ва ҳамкори арабаш Риёз Абуҳабш амалӣ кардаанд.
Абдураззоқ Саидов ду сол пеш дар Макка чойхонае ҳам сохта буд.