ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Дар чорчӯби ҷаласаи кумитаи ташкилоти форуми шашуми байнипорлумонии "Русия — Тоҷикистон" дар Шӯрои Федератсия, ки ба наздикӣ баргузор шуд, лоиҳаҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов дар бораи як қатор самтҳои ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар суханронӣ намуд.
Ба гуфти вай, забони русӣ ва таҳсилоти Русия дар ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷӯҳ ҳаст.
"Дар Тоҷикистон барои хондан дар мактабҳои Русия навбат гирифта мешавад. Зиёда аз 18 ҳазор донишҷӯёни мо дар Русия таҳсил мекунанд, тақрибан 7 ҳазор ҷавон — дар филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон таълим мегиранд", — гуфт Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Сафир ҳамчунин ба мушкилоти гузаронидани таҷрибаи баъдидипломӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Донишҷӯёни Тоҷикистон наметавонанд дар ширкат ва муассисаҳои Русия таҷриба гиранд. Сафорат баъзе донишҷӯёнро барои таҷрибаомӯзӣ мегирад, аммо ин қисмати хурд аст, зеро имконоти сафорат номаҳдуд нест, шарҳ дод роҳбари намояндагии дипломатии тоҷик.
Илова бар ин, сафир зарурати навсозии шартномаҳоро дар соҳаи сайёҳӣ қайд кард.
"Сайёҳӣ моро ба ҳам наздик мекунад, мо сайёҳони русиро ба Тоҷикистон даъват менамоем. Барои онҳо дар он ҷо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд", — таъкид намуд Сатторов.