ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мубодилаи афкор намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти он тавсия додааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот зиёд карда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки масъулини корхона бояд уҳдадориҳои худро ҷиҳати бунёди мактаб, боғчаи кӯдакона ва майдончаҳои варзишӣ, инчунин таъмиру мумфарш намудани роҳи Зарнисор-Мастчоҳро марҳила ба марҳила оғоз намоянд.
Ван Ши Бен гуфтааст, ки корхона уҳдадориҳои худро ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсол, зиёд намудани ҷойи корӣ ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ ба иҷро хоҳад расонид.
Зикр гардидааст, ки корхонаҳои ширкат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро то ба 4 миллиард сомонӣ мерасонанд.
Барои бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ бошад,30 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва моҳҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд.
Зиёда аз ин иттилоъ дода шудааст, ки корхона тибқи нақша гурӯҳе аз донишҷӯёни тоҷикро барои омӯхтани нозукиҳои кори истеҳсолот ба Ҷумҳурии мардумии Чин равона менамояд.