Сурайё Хонзода ба даври дуюми озмуни Miss Asiamix роҳ ёфт

Обуна шудан
Сурайё Хонзода ба даври дуюми озмуни зебоии Miss Asiamix роҳ ёфт ва рақобатро барои ҷоизаи асосӣ идома медиҳад

Ба даври дуюми озмуни Miss Asiamix 12 гулдухтар аз Русияву Қазоқистон, Узбакистону Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳ ёфтанд. Дар ин давр низ баҳогузорӣ ба таври овоздиҳии онлайн баргузор мешавад.

Дар ин бахш баргузоркунандагони озмун аз гулдухтарон мусоҳиба гирифтаанд ва мусоҳибае, ки бештарини овозҳоро мегирад ба даври навбатии озмун роҳ меёбад.

Сурайё Хонзода - Sputnik Тоҷикистон
Сурайё Хонзода Тоҷикистонро дар озмуни Miss AsiaMix намояндагӣ мекунад

Даври дуюми озмуни Miss Asiamix дирӯз 4 март оғоз шудаву пас аз шаш рӯз овоздиҳӣ анҷом хоҳад ёфт. То ин дам, ба тарафдории Сурайё Хонзода 262 кас овоз додааст.

Озмуни Miss Asiamix аз дигар озмунҳои зебоӣ бо он фарқ мекунад, ки ба истеъдоду зебогии гулдухтарон на доварон, балки корбарони интернет бо овоздиҳӣ ба таври онлайн, баҳогузорӣ мекунанд.

Чаҳор сол мешавад, ки Сурайё дар Туркия зиндагӣ ва таҳсил дорад. Ӯ бо чаҳор забон-тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ озодона суҳбат мекунад. Ҳадафи аслии Сурайё аз ширкат дар озмуни байналмилалии Miss AsiaMix, намоиши истеъдод ва тавоноии духтарони тоҷик аст.

Сурай Хонзода дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Соли 2010 гимназияи N9-и ба номи Низомии Ганҷавиро хатм кардааст.

Ҳамон сол ба бахши хабарнигории факултаи филологияи Донишгоҳи Славянии Точикистон дохил шуда, аз 16 солагӣ ҳамзамон бо таҳсилот дар бахши форсии радиои бурунмарзии "Овози Точик" фаолият кардааст.

Дар солҳои донишҷӯӣ барои таҷрибаомӯзӣ дар шуъбаи Академияи ОБСЕ-и шахри Бишкеки Кирғизистон ва дар Донишгоҳи Аптеки Ню-Делии Ҳиндустон таҳсил кардааст.

Дар соли 2014 Донишгоҳро хатм карда, барандаи стипендияи кишвари Туркия, барои идомаи таҳсил дар бахши магистратура дар Истамбул шудааст.

Алъон донишҷӯи бахши "Радио, Телевизион ва Синамо"-и Донишгоҳи Давлатии Истамбул аст. Барои оянда барномахои зиёде дар назар дораду сафар ба кишварҳои хориҷ ва омӯзиши таъриху таҷрибаи бойи кишварҳои гуногунро дӯст медорад.

Сурайё ҳамчунин ба аксбардорӣ машғул асту намоиши аксҳояш ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, дар Душанбе баргузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0