Русия имсол мизбони Ҳафтаи фарҳангии Эрон мешавад

© Чистова Алина / Рубен ГарсияРынок в Исфахане, архивное фото
Рынок в Исфахане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эрон Ҳафтаи фарҳангии худ дар Русияро бо маросими ниҳоӣ дар шаҳри Грозний баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Русия имсол мизбони Ҳафтаи фарҳангии Эрон хоҳад буд, хабар дод муовини вазири фарҳанги Русия Сергей Обривалин.

Ҳафтаи фарҳангии Русия дар Эрон дар соли 2019 баргузор хоҳад шуд.

“Имсол Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия баргузор мешавад”, —  гуфт Сергей Обривалин дар нахустин нишасти Кумитаи муштараки ҳамкориҳои фарҳангии Русия ва Эрон, ки имрӯз дар Маскав оғоз ба кор кардааст.

Торихи дақиқи баргузории Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар Русия ҳануз муайян нашудааст, лекин маросими кушоиши он бояд дар Маскав, дар “яке аз беҳтарин толорҳои шаҳр”, баргузор шавад.

Раҳбари Дафтари пуштибонии давлатии ҳунару саноеъи дастӣ Андрей Малишев умедворӣ карда, ки ҳунарпешаҳои эронӣ ба дигар манотиқи Русия низ сафар кунанд.

Рыба, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эрон дар Узбакистон бунгоҳи моҳипарварӣ месозад

Дар посух ба ин пешниҳод, муовини раҳбари Созмони фарҳанг ва иртиботи исломии Эрон Аббос Ҳамиёр эълом дошта, ки Теҳрон омода аст дар соли 2019 мизбони Ҳафтаи фарҳангии Русия бошад.

Вай ҳамзамон дархост кард, ки маросими поёнии Ҳафтаи фарҳангии Эрон дар шаҳри Грозний баргузор шавад.

Дар ин нишаст ҳамчунин баргузории мутақобили солҳои расонаӣ ва гардишгарӣ миёни Эрон ва Русия дар соли 2020, ҳамкорӣ дар заминаҳои филмсозӣ ва баргузории ҷашнвораҳои байналмилалии синамо, тарҷумаву нашри осори муаллифони русу эронӣ дар ду кишвар баррасӣ ва ҳамоҳанг шуданд.

Лентаи хабарҳо
0