ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ Тоҷикистон, Гуфтушуниди навбатии гурӯҳҳои кории ҳайъатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, аз 24 феврал то 1 март дар шаҳри Тошканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайаътҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардидааст.
Зимни вохӯрӣ баҳри иҷрои Протоколи ҷаласаи муштараки Комиссиияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбакстон, ки 24 феврали соли 2018 дар шаҳри Фарғона ба имзо расида буд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории ҷонибҳо замимаҳо ба тарҳи Аҳднома байни Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ду кишвар, омода карда шуд.
Имзои ин Аҳдномаи таърихӣ, дар рафти нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст.
Манбаъ афзуда, ки музокирот дар фазои дӯстона ва якдигарфаҳмӣ сурат гирифта дар натиҷаи вохӯрӣ, Протокол ба имзо расидааст.