Гурӯҳи амрикоии "Humming House" дар Душанбе ҳунарнамоӣ кард

Обуна шудан
Нахустин консерти гурӯҳи амрикоии "Humming House" дирӯз дар толори Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе баргузор шудааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Гурӯҳи ҳунарии амрикоӣ барои нахустин бор дар назди ҳаводорони тоҷикашон ҳунарнамоӣ карданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки нахустин консерти гурӯҳи амрикоии "Humming House" дирӯз дар толори Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Ин гурӯҳ аз 1 то 8 март дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Тара Пандей в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Рақси зеборо бибин: иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико

Гуфта мешавад, ки зимни сафари худ гурӯҳи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар барномаҳои консертӣ ва машғулиятҳои мусиқӣ баргузор менамояд.

Дар шаҳри Душанбе барномаи консертии гурӯҳи "Humming House" рӯзи 3 марти соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев манзури мухлисон гардид.

"Humming House" гурӯҳи номдори амрикоӣ буда, соли 2011 ташкил шудааст.

Соли 2012 нахустин албоми мусиқии аъзои гурӯҳ ба нашр расида буд.

Охирин албоми пурраи мусиқиашон таҳти унвони "Ҳамшарик" соли 2017 дастраси мухлисон гардидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0