ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доир ба як қатор масъалаҳо мубодилаи афкор намудаанд.
Сироҷиддин Икромӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкории Бонки рушди Уросиё бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори назар намудааст.
Намояндагони Бонки рушди Уросиё аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кардаанд, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур — ба роҳ мондани истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн, татбиқи муносибатҳои муросилотӣ дар самти кушодани ҳисобҳои муросилотӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Бонки рушди Уросиё ва Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Муовини раиси БМТ, дар идомаи мулоқот гуфтааст, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда ва гузариш ба сатҳи нави ҳамкориҳо дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Манбаъ афзуда, ки мулоқоти дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар баробари масъалаҳои зикргардида, ҷонибҳо инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои рушди иқтисод ва низоми бонкӣ муҳокимаронӣ намудаанд.