Дар Душанбе беҳтарин ронандазанро интихоб карданд

© Фото : Аз ВУДОзмуни "Авто-бону-2018" дар Душанбе
Озмуни Авто-бону-2018 дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар "Автодром" кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озмуни "Авто-Бону-2018" гузаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, чорабиниро муовини вазири корҳои дохилӣ, Саидзода оғоз намуда, занону бонувони ронанда ва дар симои онҳо тамоми бонувони кишварро ба муносибати "Рӯзи модар" самимона табрик намудааст.

Дар озмуни "Авто-Бону-2018", беш аз 50 нафар бонувони ронанда, аз тамоми манотиқи кишвар ширкат кардаанд.

Озмуни Авто-Бону-2017 - Sputnik Тоҷикистон
Авто-Бону: занҳои ронандаи Тоҷикистон дар рӯзи идашон рақобат мекунанд

Озмун аз рӯи 5 давр, аз ҷумла "Варақаи боздид" — "Ман ва автомобилам", "Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ", "Рондани автомобил дар Автодром", "Ёрии аввалияи тиббӣ" ва "Маҳорати кадбонугӣ" гузаронида шудааст.    

Ҷойи аввал ва ҷоизаи "Авто-Бону-2018"-ро Мадина Назарова сазовор гардида, ҷойи дуюмро Силсиламоҳ Азимова ва Муътабар Азимова ба даст оварда, ҷойи сеюм ба Сабзалиева Раҳима, Усмонова Барногул ва Салмонова Сураё насиб гардидааст.

© Фото : Аз ВУДҒолибони озмуни "Авто-Бону-2018"
Ғолибони озмуни Авто-Бону-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Ғолибони озмуни "Авто-Бону-2018"

Ғолибонро муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон табрику таҳият намуда, ба онҳо аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Ифтихорнома, Диплом ва тӯҳфаҳои арзишнок тақдим кардааст. 

Лентаи хабарҳо
0