ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре як манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, дар вилояти Маскав байни тоҷикҳо ва чеченҳо тирпарронӣ ба амал омад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи гузашта дар назди метрои Котелники, тақрибан соатҳои 15:50 (бо вақти Маскав) рух додааст.
Ба нақли шоҳидон, дар тирпарронӣ ҳудудан даҳ тир холӣ карда шудааст.
Бино бар маълумоти пешакӣ дар натиҷаи ин ҳодиса 6 тан ҷароҳат бардоштанд. Тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин як шоҳиди ҳодиса-фурӯшандаи Маркази савдо мегӯяд, ҳоло дар ҳудуди назди истгоҳи метрои Котелники, дар тамоми марказҳои савдо пулиси Маскав ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро аз назар мегузаронад.
Мақомот расман ин қазияро шарҳ наддоданд.