ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Рӯзҳои 9 ва 10 март, ки Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе хоҳад омад, намоишгоҳи колоҳои сохти Узбакистон ва нишасти бозаргоҳои ду кишвар барпо хоҳад шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Узбакистон, дар намоишгоҳ тавонмандиҳои бахшҳои пешгоми иқтисоди ин кишвар ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Порсол дар Тоҷикистон 6 маркази бозаргонии Узбакистон кушода шуда буд. Чанде дар Тошканд низ маркази бозаргонии Тоҷикистон боз шуд, ки феълан дар он масолеҳи сохтмонии тавлиди ширкати “Ғаюр” пешниҳод мешаванд. Дар оянда дар ин марказ дигар колоҳои сохти Тоҷикистон ба фурӯш хоҳанд рафт.
ТоҷикТА ёдовар мешавад, ки Узбакистон ба Тоҷикистон умдатан маводи хӯрокӣ содир мекунад ва хидматрасониҳои таробариро анҷом медиҳад. Дар Узбакистон бо сармояи соҳибкорони тоҷик 24 ширкат ва дар Тоҷикистон бо сармояи соҳибкорони узбак 9 ширкат роҳандозӣ шудааст.
Соли гузашта ин ду кишвар ба арзиши 236,8 милюн дулор хариду фурӯш кардаанд, ки ин рақам 20,2 дарсад бештар аз соли 2016 аст.