ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Худрави тамғаи LADA Largus ва боркаши Shacman, ки аз Актау ба ҷониби ноҳияи Бейнеу равон буданд, ба садама дучор шуданд.
Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Узбакистон, дар натиҷаи ин садама ҳафт кас аз ҷумла шаш шаҳрванди Узбакистон ҷон бохтааст.
Ба иттилоъи манбаъ, рӯзи 1 март солати 06.00 (бо вақти Душанбе) дар шоҳроҳи "Актау-Бейнеу" дар ҳудуди ноҳияи Шетпи вилояти Мангистауи Қазоқистон бо ширкати худрави тамғаи LADA Largus ва боркаши Shacman, ки аз Актау ба ҷониби ноҳияи Бейнеу равон буданд, садама рух дод.
"Дар паи ин садама худрав дар гирифт ва ҳафт кас аз ҷумла шаш шаҳрванди Узбакистон дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд", — омадааст дар хабарнома.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаву тафтишот ар самти муайян кардани ҳувияти ҳалокшудагон идома дорад.
Дар ин росто Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода телефони доимиамалкунанда роҳандозӣ кардааст.