ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ҳафтаномаи илмии амрикоии “Science” натиҷаи пажӯҳиши геншиносонро мунташир карда, ки хешовандии камубеш 13 милюн кас аз ҷаҳониёнро ошкор кардааст.
Пажӯҳишгарон тавонистаанд бо воковии додаҳои геншинохтии урупоиён, амрикоиён, устролиёиҳо ва африкоиҳои ҷанубӣ шаҷараномаеро падид оваранд, ки камубеш 13 милюн касро дар бар мегирад.
Бино бар ин пажӯҳиш, ниёбузурги муштараки 13 милиюн кас аз мардумони имрӯзии Урупо, Амрико, Устролиё ва Африкои Ҷанубӣ 65 пушт пеш аз онҳо зиндагӣ мекардааст.
Афзун бар хешовандӣ, пажӯҳишгарон ҳамчунин ошкор кардаанд, ки чигуна генҳо бар дарозии умр таъсир мегузоранд. Бино бар ин пажӯҳиш, умед ба зиндагӣ дар ин касон панҷ сол бештар аз дигар мардум аст, ки дар баробари дигар авомил чандон бисёр ҳам нест. масалан, кашидани сигор 10 сол аз умрро кам мекунад.
Ҳафтаномаи илмии “Science” яке аз муътабартарин нашрияҳои илмии ҷаҳон аст. Онро Анҷумани амрикоии пешбурди донишҳо аз соли 1880 мунташир мекунад. Ҳамакнун ин нашрия ҳар ҳафта дар 130 ҳазор шумора мунташир мешавад.