Минбаъд ба довталабони мактабҳои олӣ пешниҳод мекунанд, ки дар бораи Раҳмон иншо нависанд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаУченики в таджикской школе
Ученики в таджикской школе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон аз ҳамин сол сар карда, барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мешавад, ки аз рӯйи 60 мавзуъ иншо нависанд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тавре хабаргузории ТоҷикТА хабар медиҳад, дар Тоҷикистон ба довталабон минбаъд пешниҳод карда мешавад, ки дар мавзӯи пешвои миллат иншо нависанд.

"Аз ҳамин сол сар карда дар Тоҷикистон, ҳамаи довталабон, новобаста аз забони таҳсил аз рӯйи 60 мавзӯъ ба забони тоҷикӣ иншо менависанд. Дар мавзӯъҳои пешниҳодшаванда "Пешвои миллат-ҳомии миллат", ё ин ки "Мо — пайравони Пешвои миллатем" низ оварда шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қадй карда мешавад, ки довталабон метавонанд иншоро дар чорчӯбаи барномаи мактабӣ  ё дар мавзӯи озод интихоб кунанд.

Ёдрас мешавем, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар Рӯзи дониш пешниҳод карда буд, ки  барои довталабон ҳатмӣ карда шавад, ки бо забони тоҷикӣ иншо нависанд.

Пештар хабар дода шуд, дар Душанбе сабти номи довталабони донишҷӯӣ оғоз шуд.

Дар ин муддат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳоноти вурудии донишгоҳҳо ҳаққ доранд, новобаста ба муассиса(ҳо)-и таълимии интихобкардаашон, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.

Лентаи хабарҳо
0