Қирғизистон ҳам мехоҳад милисаашро пулис биномад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкОперация правоохранительных органов Кыргызстана в Бишкеке
Операция правоохранительных органов Кыргызстана в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуствазири Қирғизистон Сафар Исҳоқов пешниҳод карда, ки милиса дар он кишвар пулис номида шавад

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сафар Исҳоқов пешниҳод карда, ки милиса дар он кишвар номгардон ва пулис номида шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

“Милиса сохтори иқтидоргарову худкомаест, ки ҳануз аз замони шуравӣ кораш ба додгоҳ кашидану омор пур кардан буд. Аммо хешкории пулис ҳамкорӣ бо шаҳрвандон аст. Ман коршиносонро дастур додаам, ки таҷрибаи дигар кишварҳоро биёмӯзанд. Ин омил бисёр муҳим аст”, — гуфтовард кардааст хабаргузорӣ суханҳои нахуствазирро.

Исҳоқов афзуда, ки номгардонии милиса ба пулис ҳазинаҳое дар пай дорад, аз ин рӯ нахуст бояд ин масъала омӯхта шавад ва сипас барномарезӣ ва амалӣ шавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар Тоҷикистон низ чанд сол пеш барномаи ислоҳи сохтори милисаро омода ва пешниҳод карда буд, ки бар асоси он пешнависи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи политсия” таҳия шудааст.

Аммо ин пешнавис ҳануз дар Маҷлис баррасӣ нашуда ва милиса ҳам пулис нагаштааст.

Лентаи хабарҳо
0