ВКХ ҶТ: ин рӯйдодро мардумони Тоҷикистон ва Узбакистон аз дер боз интизор буданд

© Facebook / Негматулло МирсаидовОткрытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент
Открытие КПП на таджикско-узбекской границе, связующего Самарканд и Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба муносибати бозкушоии гузаргоҳҳо дар марз бо Узбакистон дар паёми иттилоъотӣ мунташир кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар ин паём, ки хадамоти иттилоъотии ВКХ ҶТ мунташир кардааст, гуфта мешавад, ки “имрӯзҳо бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев раванди беҳбудии қобили таваҷҷӯҳе дар  муносибатҳо миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба  мушоҳида мерасад”.

Яке аз намунаҳои боризи амалисозии муқаррарот созишномаҳо бозкушоии расмии 9 гузаргоҳ дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон аст, ки 1 марти соли 2018 сурат гирифт.

“Ин руйдод, ки  мардумони ҳар ду кишвар  аз дер боз интизори он буданд, рафту омади шаҳрвандони ҳар ду кишварро ба таври чашмгир осон менамояд ва дар натиҷа барои наздикшавӣ ва якдигарфаҳмӣ хизмат хоҳад кард ва  дар маҷмӯъ барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам меорад”, — таъкид шудааст дар ин паём.

На узбекско-афганской границе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Узбакистон 10 гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистонро боз кушод

Гузаргоҳҳои автомобилии «Саразм» (муқобили «Ҷартеппа»), Ҷумҳурии Узбекистон «Уро-Теппа» («Кушкент»), «Ҳавотоғ» («Учқурғон»), «Зафаробод» («Ҳавастобод»), «Ҳаштяк» («Бекобод»), «Навбунёд» («Поп»), «Равот» («Равот»), «Айвоҷ» («Гулбаҳор») ва    гузаргоҳи роҳи оҳани  «Хошади» («Амузанг») кори худро дубора оғоз  намуданд.

Интизор меравад, ки нахустин қатори мусофирбар дар масири “Кӯлоб – Маскав” аз гузаргоҳи роҳи оҳани "Хошадӣ" (Амузанг) 7 марти соли 2018 ба роҳ барояд.

Маросими бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ “дар фазои тантанавӣ ва руҳияи дӯстона” бо ширкати намояндагони расмӣ ва марзнишинҳои ду кишвар сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0