ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз шабакаи телевизионии "Тоҷикистон" гузоришеро намоиш дода, хабар дод, ки мардеро ба иттиҳоми омода сохтан ва афрохтани парчами ДОИШ боздошт кардааст.
Тавре дар гузориш қайд карда мешуд, дар сохтан ва афрохтани панҷ парчами ДОИШ Қурбоналӣ Партоев ном бошандаи 31-солаи ноҳияи Вахш гумонбар мешавад.
Ёдрас мешавем, 15 феврал соли равон дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш шахсони номаълум 5 парчами ДОИШ-ро дар бинои коргоҳи Нусратулло Саидов, бародарзодаи раиси пешини Ҳизби наҳзати исломӣ (мамнуъшуда дар Тоҷикистон) Саид Абдуллоҳ Нурӣ овехта буданд.
Бо ин далели 10 гумонбар бозпурсӣ шуданд, ки Нусратулло Саидов яке аз онҳо буд. Дертар Нусратулло Саидов хабар дод, ки пас аз пурсуҷӯ дар озодӣ қарор дорад.
Дар рафти гузориш дида мешавад, ки Қурбоналӣ Партоев иқрор мешавад, ки шахсан парчами ДОИШ-ро сохта дар боми коргоҳи Нусратулло Саидов гузошта буд. Ӯ мегӯяд, бо ин амалаш мехост қасдашро аз Нусратулло Саидов гирад.
Марди гумонбар, сабаби ин амалашро бадбинии шахсӣ нисбати Саидов мегӯяд, аммо тавзеҳи бештаре намедиҳад.
Ҳоло бо ин далел мувофиқи моддаҳои 32 банди 1 ва моддаи 307 банди 1 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тафтишот идома дорад.