ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Пайвандони Марям — кӯдаки даҳсолаи тоҷик, ки дар кӯдакистони Ироқ дар мондааст, ёфта шуданд. Маҳмадраҳим Шоев — бобои Марям мегӯяд, навори суҳбати набераашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кард ва ӯро шинохт.
Аввалин навори мусоҳибаи Марям — духтараки 10-солаи тоҷик дар Ироқ бо рӯзноманигорони "Russia Today" ба забони русӣ моҳи августи соли гузашта мунташир шуд. Духтарак мегуфт, пайвандонашро ҷустуҷӯ дорад.
ВУД Тоҷикистон пас аз ин навор гуфт, дар ҷустуҷӯи ҳувияти ин духтарак аст. Аммо чанде пеш, як навори дигаре, ки дар он Марям ба забони тоҷикӣ сӯҳбат кардааст, мунташир шуд.
Духтар аз Ироқ ба пайвандонаш паём мефиристод. Пас навори дувум корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳо навишта аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хоҳиш карданд, ки ниҳод дар бар гардонидани як духтари тоҷик кумак расонад.
Sputnik Тоҷикистон аз Маҳмадраҳим Шоев пурсон шуд, ки чӣ гуна аз пайдо шудани Марям дар Ироқ хабар ёфт ва умуман набераи вай чӣ гуна ба Ироқ афтид.
Писарам ба Тоҷикистон омаданӣ буд
Зодгоҳи падари Марям — Ҷамолиддин Шоев деҳаи Ғайратободи ноҳияи Ҳисор будааст.
Ба гуфтаи бобои Марям, падари Марям соли 2004 расман бо иҷозаи ҷониби Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳи Алазҳар ба Миср рафта будааст. Ӯ бо хонаводааш соле як маротиба ба ватан мемаданд ва пас аз чанде дубора ба Миср бар мегаштанд.
"Таҳсили писарам дар Миср расмӣ буд ва ӯ иҷозати кишварро гирифта буд, афзун бар ин вай ҳар сол ба Душанбе меомад ва пас аз 4 ё 5 моҳ ба Миср бармегашт", — нақл мекунад вай.
Ҷамолиддин — падари Марям ва модараш Садбарг Шомирзоева соҳиби панҷ фарзанд будаанд, ки калонтарини онҳо Марям аст. Ҳамаи фарзандони вай дар Миср таваллуд шуда, бобои Марям мегӯяд, намедонад, ки фарзанди панҷумини онҳо чӣ ном дошт ва чандсола буд.
Ба гуфтаи Шоев, писараш бо ҳамсар ва фарзандонаш бори охир соли 2015 ба Тоҷикистон омаданд ва 6 моҳ дар ватан истоданд. Ҷамолиддин вақти рафтан ба падар гуфтааст, ки баъди хатими донишгоҳ ба Тоҷикистон бар мегардад.
Бобои Марям дар посух ба суоли он, ки оё писараш боре аз вазъи кишвари арабӣ шикоят мекард, гуфт, "бале вақтҳои охир мегуфт, ки Миср ноором мешавад ва мақсад дорад, ки донишгоҳро гузашта, ба Тоҷикистон бар гардад".
Ба гуфтаи ӯ, моҳи августи соли 2017 Ҷамолиддин ба падараш занг зада гуфтааст, ки дар Туркия дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дорад. Падар пас аз он иртибот бо фарзандашро гум кардааст. Шоев чанд бор кӯшиш кардааст, ки худаш ба онҳо занг занад, аммо ин кор ба вай даст надодааст.
Шаш моҳ пеш навори сӯҳбати Марямро тамомшо кардам
Бобо мегӯяд, шаш моҳ пеш дар муҳоҷирот буд ва дар Русия набераашро дар як навор дид ва шинохт.
"Ман шаш моҳ пеш навори сӯҳбати Марямро тамошо карда будам ва набераамро шинохтам. Ташаккур аз рӯзноманигорони Русия, ки аз аҳволи набераи ман хабар омода карданд. Пас аз тамошо зуд ба мақомот муроҷиат кардам, ки пайванди ман дар Ироқ будааст",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи ӯ, аз мунташир шудани навори дуввум низ зуд бохабар шуд.
Чанде пеш хонаводаи Маҳмадраҳим Шоев ба кумаки Салиби Сурх бо кӯдакистони Ироқ, ки дар он Марям будубош мекунад, суҳбати наворӣ доштанд. Марям дар навор ба хонаводааш гуфтааст, аҳволаш хуб аст, танҳо пайвандонашро пазмон шудааст.
Худи Марям чӣ мегӯяд?
Ба гуфтаи Шоев, Марям ҳангоми суҳбати скайпӣ ба наздиконаш нақл кардааст, ки бо вай чӣ шуд. Марям гуфтааст, ки марзи Ироқро гузашта буданд ва дар ҳамон ҷо ҳуҷҷатҳояшонро гум карданд.
"Ба гуфтаи Марям ҷое, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, осоишта буд. Вай мегӯяд, мо барои сарҳадро гузаштан ба Ироқ омадем, аммо дертар фаҳмидем, ки сумкаамонро дар марз фаромӯш кардаем, вақте ки баргашта омадем, сумкаро пайдо кардем, аммо ҳуҷҷатҳоямонро не", — мегӯяд Шоев аз нақли Марям.
Ба гуфтаи Марям, онҳо бо ҳамин далел дар Ироқ мондаанд, то замоне ки бомб меафтад ва Марям 4 хоҳару додар — Абдулло, Фотима, Оишамоҳ ва падару модарашро аз даст медиҳад.
"Ман дар бораи тақдири писар ва келиндам чизе гуфта наметавонам. Марям, ки Худо хоҳад ба Тоҷикистон омад, қазия рӯшан хоҳад шуд, вале ба гуфтаи ӯ эҳтимол ҳамаашон кушта шудаанд", — бо афсӯс нақл мекунад вай.
Писарам мегуфт куштан дар Ислом ҳаром аст
Шоев мегӯяд, ӯро як фикр ором намегузорад. Чигуна писар ва пайвандонаш аз Миср ба Ироқ рафтанд. Зеро бори охир Ҷамолиддин занг зада гуфта буд, ки дар Туркия аст ва ба Тоҷикистон меравад. Ӯ афзуд, "доим ба писарам насиҳат мекардам, ки бо тундравҳо кордор нашавад. Ӯ мегуфт, "онҳо аз мо нестанд, зеро даст ба куштор мезананд. Дар Ислом куштан ҳаром аст". Аммо ман намедонам, ки дар асл чӣ воқеа рух додааст", — изҳори нигаронӣ мекунад вай.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ба наздики Марямро ба Тоҷикистон бар мегардонанд. Бобои духтарак дар интизори ягона нишона аз 7 узви хонаводаи писараш аст.
"Пас аз он, ки писарам гуфта буд, дар дар Туркия дар роҳ ба Тоҷикистон аст, ман ҳар рӯз интизорам, ки фурудгоҳ мераваму онҳоро ба хона меорам, аммо ҳеҷ нест, ки он рӯз фаро расад", — афзуд бо нигаронӣ вай.
Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи январ мақомоти Тоҷикистон хабар дод, ки кишвар аз яке аз урдугоҳҳои Ироқ чор кӯдаки бесарпаноҳашро бар мегардонад.
Ҳувияти Оиша ва хоҳару додаронаш пас аз гузориши "Russia Today" расонаӣ шуд ва пайвандонаш онҳоро аз навор шинохта ба мақомоти тоҷик муроҷиат карданд. Ҳарчанд санаи бозгашти онҳо дақиқ нест, аммо Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, барои бар гардонидани онҳо Вазорати умури хориҷа ҳуҷҷатҳои лозимаро омода мекунад.