Баҳор ва суманак: Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кард

Обуна шудан
Дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту ва рангинкамон инъикос ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти "Наврӯз — 2018" бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Гуфта мешавад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии "Наврӯз — 2018" васеъ истифода намоянд.

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонТасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз - Sputnik Тоҷикистон
Тасдиқи рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Барномаҳои расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол 21 март дар шаҳри Панҷиканд баргузор мешаванд ва дар он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки дар чорчӯби Наврӯз дар шаҳри Панҷакент чандин сохтмон ва тарҳи иҷтимоъӣ ба баҳрабардорӣ расонда хоҳанд шуд.
Чунин барномаҳое 23 март дар шаҳри Бохтар ва дар 25 март дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе низ бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур дода, ки Наврӯз дар ҳама ноҳияҳои пойтахт 21 март ҷашн гирифта шавад. Дар чорчӯби ин ҷашн шаҳрдории Душанбе мусобиқоти аспсаворӣ ва куштӣ баргузор мекунад.

Лентаи хабарҳо
0