ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, дар қарор омадааст, ки Барномаи амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мактабҳои Душанбе барои солҳои 2018-2022, нақшаи тадбирҳои амалишавии он ва нақшаи маблағгузории барнома бояд тасдиқ карда шаванд.
Тибқи қарор, муовини раиси шаҳри Душанбе Муинӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи шаҳрдор, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи тадбирҳои замимагардида чораҳои амалӣ андешанд.
"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқу амалии Барномаи мазкур дар соли 2018 бояд маблағҳои заруриро ҷудо кунад", — омадааст дар қарор.
Дар баробари ин, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳар сол то 20 декабр ба мақомоти шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ то 5 январи ҳар сол ба Ҳукумати ва Вазорати маориф оид ба амалӣ гардидани "Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мактабҳои умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" гузориш таҳия ва пешниҳод намоянд.