Паҳлавонҳои тоҷик дар Қаҳрамонии куштии Осиё дар Бишкек зӯрозмоӣ мекунанд

© Фото : РОО "НУР"Борьба. Дворец борьбы им. Ярыгина
Борьба. Дворец борьбы им. Ярыгина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон мусобиқоти Қаҳрамонии куштии Осиё 2018 оғоз ёфтанд

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Шаҳри Бишкек аз 28  феврал то 4  март мизбони мусобиқоти Қаҳрамонии куштии Осиё аст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Дар ин мусобиқот куштигирон аз 38 кишвар ширкат мекунанд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот дастаи мунтахабе ширкат мекунад, ки аз 18 варзишкор ва 2 мураббӣ ташкил шуда аст.

Федеросюни куштии Тоҷикистон эълом карда, ки дар мусобиқаҳои куштии озод 10 варзишкор – Ҳикматулло Воҳидов (57 кг), Ҷамшед Шарифов (61 кг), Абдулқосим Файзиев (65 кг), Ғуломҷон Шарифов (70 кг), Сорбон Абдулҳаев (74 кг), Усмони Қосим (79 кг), Баҳодур Қодиров (86 кг), Комилҷони Сафаралӣ (92 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг) зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Дар мусобиқоти куштии фарангӣ (юнонӣ-румӣ) 8 варзишкор – Ҳасан Сӯфиев (55 кг), Азизбек Шарифзода (67 кг), Суҳроб Ҳоҷиев (72 кг), Бахтовар Ҳасанов (77 кг), Суҳроб Абдулҳаев (82 кг), Шараф Файзиев (87 кг), Мирзоамин Сафаров (97 кг) ва Суҳроҷ Азизов (130 кг) ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Куштигиронро дар ин Қаҳрамонӣ сармураббии куштии озод Абдурозиқ Олимов ва сармураббии куштии фарангӣ Ҳабибулло Абдуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0