Раҳбари пешини созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия кушта шуд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марде дар Русия бо иттиҳоми куштори роҳбари пешини созмони муҳоҷирони тоҷик боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Рязан хабар медиҳад, ки мардеро ба иттиҳоми куштори роҳбари пешини  Созмони муҳоҷирони тоҷик  "Сино" дастгир кардааст.
пештар расонаҳои маҳаллии Русия хабар дода буданд, ки роҳбари созмони муҳоҷирони тоҷик Бемаҳмад Медведеви 53-сола чанд рӯз пеш ғайб задааст.

Медведев 17 феврал бо худрави "Ниссан Кашкай" аз вилояти Рязан ба вилояти Калуга рафта, бедарак шуда будааст.

Тибқи маълумоти ахир, худрави ӯ дар ноҳияи Захарова диданд, пас аз он мард  ғайб задааст.

Бино бар иттилои Кумитаи тафтишотӣ, кормандони полис гумонбари асосиро дар куштори роҳбари созмон дастгири кардаанд.

Ҳоло тафтишот идома дорад ва далелҳои дар бораи ин қазия муайян карда мешаванд.

Муттаҳам ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0