ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Бино бар маълумоти Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар соли гузашта дар кишвар 2100 хонавода пош хӯрдааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин шумора дақиқ нест, зеро ҳолатҳое ба назар мерасад, ки ҷавонон бе никоҳи расмӣ хонадор ва аз ҳам ҷудо мешаванд.
Муҳоҷират яке аз омилҳои асосие аст, ки шаҳрвандон, бидуни муроҷиат ба Идораи сабти асноди шаҳрвандон никоҳ мекунанд, ки мушкилии зиёде дар пай дорад.
Sputnik Тоҷикистон чунин як қазияеро пайгирӣ кард. Як зани муҳоҷири тоҷик тақрибан даҳ сол пеш ба хотири пешбурди рӯзгораш ба Русия омад. Ӯ ду маротиба дар муҳоҷират бахти худро санҷид, аммо боре ҳам никоҳашро расмӣ накард. Ҳоло ин зан дар Маскав дар даст як кӯдаки якунимсола сарсон аст: дар Русия кор карда наметавонад, дар Тоҷикистон намедонад сари худ ва кӯдаконашро ба куҷо занад.
Шоистаи 31-сола мегӯяд, дар муҳоҷират ба ҳоли сангине гирифтор шудааст. Ӯ ҳоло дар ноҳияи Раменскии вилояти Максав, ки дар 51 километрии пойтахти Русия ҷойгир аст, манзилеро ба иҷора гирифта, дар он бо шавҳар ва тифли якунимсолааш ба сар мебарад. Дар ҷойе кор намекунад, ҳуҷҷате надорад ва маблағе барои баргашт ба Ватан ҷустуҷӯ мекунад. Шавҳараш бошад, ҳолашро ба Худо супурдааст.
Шоиста дар даст тифлаш Умарҷон ба пешвози мо баромад. Рӯзи зимистон, ҳавои сард, ва барфи зиёд. Ин зан гуфт, аз роҳи асосӣ манзилаш каме дуртар ҷой гирифтааст. Аммо он камтар роҳ ду километр будааст, ки боз пастиву нишебиҳои зиёде дошт. Ба болои он, барфи зиёд роҳгардиро мушкил мекард. Умарҷони хурдакакро ба навбат то манзили ин зан бардошта бурдем. Одатан кӯдакон дар синну солу ин тифл серғаш мешаванд. Аммо Умарҷон гӯё ҳис мекард, ки бояд сабр кунад, гоҳе мо ҳам монда мешудему ӯро ба замин мегузоштем, ки роҳ гардад ва ӯ чолокона роҳ мегашт.
Зоҳиран манзиле, ки Шоиста ба иҷора гирифтааст кулбаеро мемонд. Кулбае сард ва торик. Ба назарам чунин намуд, ки хонаро аз фанир сохтаанд. Намедонам фарш дошт ё надошт, лекин дар хона қолине набуд, аз поён чунон хунукӣ мезад, ки гӯё болои семент баромада бошем.
Шоиста Умарҷонро бо пойпушӣ ва либосҳояш рӯйи хона гузошт ва ба дасташ бутилкаеро "бачам қандчой хӯр", гӯён дод. Ман наздиктар ба зан нишастаму аз вай пурсон шудам, чӣ ҳодисае вайро ба чунин рӯз расонидааст.
Фиреби мард ва шароити сангин Шоистаро ба Русия овард
Шоиста Қодирова сокини шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ дар оилаи серфарзанде таваллуд шуда, духтари хурдӣ будааст. Дар 6-солагиаш падараш вафот мекунад. Модараш фаррош шуда кор мекардааст. Аммо таъмини як хонаводаи калон ба модар гаронӣ мекунад ва Шоиста дастгири ӯ мешавад.
Шоистаи хурдсол дар бозори шаҳри Кӯлоб тобистонҳо чойфурӯшӣ мекард ва зимистон селофан мефурӯхт. Ҳама бародарону хоҳарони вай дар мактаб таҳсил карда буданд, аммо ба Шоиста шароити рӯзгор даст надод, ки дар маткаб таҳсил кунад. Барои ҳамин, вай бесавод монд.
Баъд аз даҳ соли марги падар модари Шоиста дубора шавҳар кард. Бародаронаш ва хоҳаронаш ҳам оиладор шуданд. Аммо то ҳол Шоиста аз пайи пешбурди рӯзгор буд. Ӯ тамоман касби мардонаро ихтиёр кард- хиштрезӣ мекард. Бо Шоиста ҷовоне аз шаҳр аҳд баст, вале вафо накард. Духтарро фиреб дод.
Аз як тарафи шароити вазнин, аз тарафи дигар фиреби мард духтари ҷавонро ба Русия овард. Солҳои 2007 (зан мегӯяд дуруст солҳоро намедонад-идора) бори аввал ин духтар барои кор ба шаҳри Новосибирск рафт.
Кор дар сохтмон, шавҳари муваққатӣ ва кӯдаки ғайриинтизор
Шоиста 19-сола, ки забони русӣ он тараф истад, хонда ва навишта наметавонист, дар Новосибирск ба як ширкати сохтмонӣ ба кор даромад. Ӯ баробари мардони тоҷик меҳнат мекард. Пас аз чанд вақт, марде, ки вай ҳам аз Кӯлоб буд, ба Шоиста пешниҳоди никоҳ кард.
"Ман дар байни мардҳои бисёр кор ва зиндагӣ мекардам. Барои ҳамин ҳарчанд Комил дар Тоҷикистон ҳамсар ҳам дошт, ба ӯ ба шавҳар баромадам. Вай ба ман ваъда дод, ки ба ман кӯмак мекунад ва маро ҳимоя мекунад",- мегӯяд Шоиста.
Шоиста бо шавҳари муваққатӣ дер наистод. Кори вазнини сохтмон ӯро дилгир кард ва аз Комил хоҳиш кард, ки ӯро ба Тоҷикистон гусел кунад. Комил ба вай билет харид.
Дар Тоҷикистон Шоистаро сюрпризи дигар интизор буд.Зан фаҳмид, ки ҳомиладор шудааст. Пас аз чанд моҳ писареро ба дунё овард ва дар семоҳагии тифлаш роҳи Маскавро пеш гирифт. Шавҳари муваққатӣ назди ҳамсари худ баргашта буд. Шоиста роҳи дигаре аз кор ва муҳоҷират намедид.
"Кӯдакамро шир дода наметавонистам. Дар семоҳагӣ Аҳмадҷонро (номи тифли Шоиста-идора) ба модарам гузошта Маскав омадам",- нақл мекунад зан.
"Агар ба гапҳои ман гӯш кунӣ, то охир бо ту мемонам"
Ба гуфтаи худаш, ин дафъа Шоиста ба назди хешу табор омад. Се моҳ бо онҳо кор кард, аммо маошашро надоданд. Рӯзе ӯ бору буғчаи худро ҷамъ карда, дар ҷустуҷӯи кори дигаре ба кӯча баромад.
"Дар метро дар даст сумка бо ҷавоне во хӯрдам. Ба вай гуфтам, ки кор мекобам. Ӯ мошиншӯӣ мекардааст. Маро ба коргоҳашон бурд ва ман ҳам ба ҳамон ҷо ба кор даромадам",- мегӯяд вай.
Некрӯз- ҷавоне, ки Шоистаро ба корхонаи мошиншӯӣ бурд, аз ҳамшаҳриҳои зан будааст. Ҷавон ду сол аз Шоиста хурдтар буд ва ба гуфтаи Шоиста, пештар хонадор нашуда буд.
Онҳо чанд моҳ бо ҳам кор карданд. Шоиста ҳам кам кам ба модараш пул равон мекард.
Пас аз чанд моҳ, Некрӯз ба Шоиста пешниҳоди издивоҷ кард ва ваъда дод, ки то охир ҳамсари вафодори вай мемонад.
"Некрӯз гуфт, ман мехоҳам ту ҳамсарӣ ман шавӣ ва агар ба гуфтаи ман кор кунӣ, то охир бо ту мемонам",- мегӯяд вай.
Аммо хонаводаи Некрӯз розӣ набудаанд, ки ҷавон хонадор шавад.
"Некрӯз ба падараш хабар дод, ки мехоҳад ба ман хонадор шавад. Падараш розигӣ надод. Шавҳарам ба гапи падар гӯш накард. Ман аз модарам иҷозат гирифтам ва ду бародарамро чеғ зада, дар Маскав никоҳ кардем",- мегӯяд зан.
Ба гуфтаи Шоиста, зан бо нафаре аз ҳамсаронаш никоҳашро қонунӣ накарда буд. Ҳамсари муваққатӣ- никоҳи расмӣ дошт, Некрӯз ҳуҷҷате надошт, ки ба Ақди никоҳ муроҷит кунанд, ҳатто шиноснома надошт.
Мехостам хона созам ва фарзандонам дар наздам бошанд
Некрӯз ва Шоиста пас аз "тӯй" дар ноҳияи Раменскии вилояти Маскав кор ёфтанд ва ба яке аз деҳаҳои ноҳия кӯч бастанд.
"Аввал вақте масъалаи патент набуд, мо дар Маскав ҳисобамонро меёфтем. Аммо дертар қонуни муҳоҷирати сахттар шуд ва мо маҷбур ба канори шаҳр рафтем",- мегӯяд вай.
Шоиста пас аз як соли оиладорӣ бо Некрӯз ҳомиладор мешавад ва ба Тоҷикистон меравад. Зан духтарчаеро таваллуд мекунаду дар назди модараш монда, дубора назди шавҳараш бар мегардад.
"Акнун соҳиби ду кӯдак будам. Мақсад доштам, ки оилаи хуб дошта бошам ва фарзандонамро ба хонаву дар таъмин кунам. Боз кӯдаки хурдамро ба назди модарам гузошта ба Русия омадам, ки кор кунам",- мегӯяд вай.
Ин дафъа дар дасти як хориҷӣ дар замин кор мекардем. Корамон хуб ҳам бошад, мавсимӣ буд, афзуд зан.
Ба гуфтаи ин зани муҳоҷир, ӯ дар тобистон, дар як рӯз то ҳазор рубл маош мегирифт. Онҳо ҳамроҳи шавҳараш маслиҳат карда, дар хонаи волидони шавҳараш бо пулҳои ҷамъкардаашон хона сохатанд, ки ҳоло нимтайёр аст.
"Бо шавҳарам мақсад доштем, ки аввал хонаамонро пурра карда, сипас каме маблағ ҷамъ оварем ва ба Тоҷикистон бар гардем",- мегӯяд ӯ.
Болои сӯхта намакоб
Шоиста 3 сол шуд, ки ба Тоҷикистон нарафта буд. Ба назар чунин менамуд, ки каме мондааст ва ҳамааш хуб мешавад. Хона ҳам буд мешавад ва камтар маблағ ҳам ҷамъ оварда, пеши фарзандонаш меравад. Аммо…
Ба гуфтаи Шоиста, ҳамааш аз он сар шуд, ки бори севвум ҳомиладор шуд.
"Мехостам исқоти ҳамл кунам. Аммо пул наёфтам. Гуфтам фарзандро Худованд медиҳад, рисқашро ҳам Худованд хоҳад дод",- тавзеҳ медиҳад ӯ.
Аммо ба гуфтаи худаш, фарзандро ҳам ба дунё овард ва ризқашро ҳам Худованд дод, лекин дар як рӯз тамоми буду бошаш сӯхт.
"Фарзандамро дар назди ҳамсоязане монда, ба кор рафта будам. Ногоҳ ҳамсояҳо занг зада хабар доданд, ки хонаат месӯзад",- мегӯяд вай.
Ба гуфтаи зан, ҳуҷҷатҳо ва пулу чизе, ки барои бозгашт ҷамъ карда буд, ҳама оташ гирифтанд. Манзиле, ки оташ гирифт, дар он Шоиста ва шавҳараш иҷоранишин будаанд.
"Соҳиби хона зани бисёр хуб буд. Маро ба додгоҳ накашид. Аммо мо бехона, бепул ва беҳуҷҷат мондем",- мегӯяд Шоиста.
Шоиста пас аз чанд муддати хонакобӣ ҳамон манзилеро, ки ҳоло истиқомат дорад, ба иҷора мегирад.
Айб дар ош аст ё дар мош?
Шоиста зоҳиран аз шавҳараш шикоят мекунад. Ба гуфтаи вай, ӯ 7 сол аст, ки бо Некрӯз зиндагӣ мекунад. Бо маслиҳати Некрӯз маблағҳлои ҷамъкардаашро ба хонаводаи шавҳараш равон кардаву хона бунёд кардаанд, аммо имрӯз муносибати Некрӯз дигар гаштааст ва ба гуфтаи зан, ҳоло ҷавон чӣ мақсади дигаре дорад.
"Ман 5 сол бо умеди шавҳарам дар Русия гаштам, аммо имрӯз ӯ мегӯяд, ки ман бо тифлам ба Тоҷикистон равам. Медонам, ки агар ман рафтам ӯ дигар ману фарзандонашро суроғ нахоҳад кард",- мегӯяд ӯ.
Шоиста 5 сол мешавад, ки Тоҷикистон нарафтааст. Дар ин муддат модараш аз бемории саратон вафот кардааст ва ду фарзандашро хоҳаронаш ба тарбия гирифтаанд.
Аммо Шоиста намедонад, ки дар Тоҷикистон ба куҷо меравад. Волидони хонаводаи шавҳараш вайро қабул намекунанд, шавҳараш ба ватан бар гаштан намехоҳад, модараш вафот кардаасту намедонад додаронаш ба вай чӣ гуна муносибат хоҳанд кард.
"Модарам пеш аз марг ба хоҳаронам васият карда будааст, ки хонаамонро ба ман мерос мегузорад. Аммо ҳоло он ҷо додарам ва оилааш зиндагӣ доранд. Ннамедонам онҳо маро роҳ медиҳанд ё не, зеро додаром ҳабс шудаасту ҳамсараш бо ман гап задан намехоҳад",- мегӯяд вай.
Масҷид, марди саховатманд ва Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия
Пас аз ин ҳама ҳодисаҳо, Шоиста рӯзе ба дари масҷид кӯмак хоста рафтааст.
"Аз баски дигар чорае надоштам, ба назди дари масҷид омадам ва ба як нафар ҷавон гуфтам, ки дар ҳолати сангине қарор дорам ва ёрӣ мехоҳам",- мегӯяд вай.
Дар масҷид ба зан 700 рубли русӣ кӯмак кардаанд. Пас аз чанд вақт, марде ба Шоиста занг зада, 5000 рубл кӯмак расонидааст ва гуфтааст, ки барои ҳалли мушкилиаш, ба Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Маскав муроҷиат кунад. Шоиста ба намояндагӣ муроҷиат кардааст ва интизори кӯмаки некхоҳон аст.
Шоиста ягона зане нест, ки ба ин вазъ гирифтор шудааст
Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, пас аз муроҷиати Шоиста намояндагӣ ба вай кӯмак кардааст, ки ҳуҷҷати "Асноди бозгашт ба ватан" ба даст биёрад ва ҳоло мехоҳад бо кӯмаки саховатмандон Шоистаро бо тифлаш ба Тоҷикистон бар гардонад.
Шоиста зане нест, ки дар муҳоҷират ба чунин аҳвол гирифтор шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, то имрӯз даҳҳо зан бо ҳолатҳои монанд ба намояндагӣ муроҷиат кардаанд.
"Занҳои зиёде бо қазияҳои монанд ба мо муроҷиат кардаанд. Барои ҳалли мушкилии шаҳрвандони Тоҷикистон, мо баъзан кор ёфта медиҳем, баъзан тавассути соҳибкорони тоҷик ва бунёдҳои хайрия онҳоро ба Тоҷикистон бар мегардонем. Баъзан бо ҳамсаронашон оштӣ медиҳем ",- мегӯяд сухангӯи намояндагӣ.
Аммо ба гуфтаи Аҳмадов, намояндагӣ бевосита имкони равон кардан шаҳрвандонро ба Тоҷикистон надорад ва чунин ваколат хам надорад.
"Дар ҳолати Шоиста, мо аллакай аз чандин соҳибкорон ва фаъолони тоҷикистонӣ хоҳиш кардем, ки ба ӯ барои бозгашт ба ватан кӯмак кунанд",- гуфт ӯ.
Иброҳимов афзуд, як соҳибкор гуфтааст, ки бо Шоиста кӯмак мерасонад.
Пушаймонам, ки никоҳамро расмӣ накардам
Шоиста дар охири мусоҳиба гуфт, пушаймон аст, ки дар муҳоҷират ва бе никоҳи расмӣ ба гапи марде, ки гуфт, "никоҳи ҳалолӣ мекунем" бовар карду ба шавҳар баромад ва бо умеди ӯ ба дидори модараш нарасид ва солиёни зиёд аз тифлаконаш дур монд.
Зан афзуд, дар ҳолати бар гаштан ба Тоҷикистон, мисли пештар хиштрезӣ ё деҳқонӣ мекунад ва "лаби ноне барои кӯдаконаш меёбад".
"Шавҳарамро ба Худо месупорам. Намедонам, хонаводааш маро қабул мекунанд ё не. Аммо ба Тоҷикистон, ки рафтам, дигар ба Русия бар намегардам ва фарзандонамро худам калон мекунам",- мегӯяд вай.
Ин зани муҳоҷири тоҷик ҳоло дар интизори кӯмкаки саховатпешаҳо дар манзили сарде бо кӯдаки хурдсолаш мемонад, дар қазияе, ки бо вай рӯй додааст, ҷуз худ каси дигареро муҷрим намедонад.