Раиси шаҳри Хуҷанд вакили халқи вилояти Суғд интихоб шуд

© © Мэрия города ХуджандМэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото
Мэр город Худжанд Маъруф Мухаммадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи дирӯз сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"-и шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи райъ додан ба номзади арзандаи худ ба участкаҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода вакили халқи вилояти Суғд интихоб шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"-и шаҳри Хуҷанд интихоботи вакили халқи вилояти Суғд баргузор гадид.

Интихобот соати 6:00 ба кор оғоз гардид ва то соати 20:00 идома ёфт, ки дар он 16 ҳазору 897 нафар райъдиҳандагон ширкат карданд.

Дар ҳавзаи интихоботии "Бофанда №2"-и шаҳри Хуҷанд 2 нафар номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд — Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҲХДТ ва Ҷаббор Юлдошев аз ҲДТ ба қайд гирифта шуда буданд",- омадааст дар хабар.

Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал - Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Хуҷанд дар пояи Муҷассамаи ҷанговарони байналмилал гулчанбар гузошт

Тибқи иттилоъи Шарифуллоҳ Абдуллозода, раиси комиссияи вилоятии интихобот дар маъракаи интихобот 13 449 нафар ширкат намуда, аз онҳо ба Маъруф Муҳаммадзода 10 939 нафар райъи худро доданд, ки 81, 3 фисади овозҳоро ташкил медиҳад. Ба ҳамин тартиб дар ҳавзаи интихоботии "Бофанда" №2 номзади ҲХДТ Маъруф Муҳаммадзода ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо бартарии овозҳои зиёд ғолибият ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 26 —уми декабри соли 2017 таҳти №265 "Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"" интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаи интихоботии "Бофанда 2"-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0