Рустам Эмомалӣ мактабҳои пойтахтро бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо муҷаҳҳаз мекунад

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин бора қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи тасдиқи "Барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020" ба тавсиб расидааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Рӯзи гузашта шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба тавсиб расонид, ки мувофиқи он, муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ таъмин карда мешаванд.

Дар банди аввали  қарори шаҳрдор гуфта мешавад, ки барномаи таъмини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020, нақшаи тадбирҳои амалишавии он, нақшаи маблағгузории Барнома ва номгӯи таҷҳизоти лабораторӣ ва аёниятҳои таълимӣ барои кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ тибқи замимаҳои 1-11 тасдиқ карда шаванд.

Чанде аз масъулин дар Ҳукумати шаҳри Душанбе, сарраёсати маорифи шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор ӯҳдадор шудаанд, ки барои амалишавии ин барнома чораҳои зарурӣ андешанд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи амалии Барномаи мазкур дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои ба соҳаи маориф ҷудошуда ва солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ хоҳад кард.

Мувофиқи банди 4 қарори мазкур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бояд  ҳар сол то 20 декабр ба ҳукумати пойтахт ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе то 5 январи ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф дар бораи амали шудани барномаи мазкур гузориш таҳия кунад.

Лентаи хабарҳо
0