Шодихон Ҷамшед: моро зарур аст, ки марзи кишварро муҳофизат кунем

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваРаиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед
Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед сарбозонро ба ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Ба гузориши сухангӯи ҳукумати вилоят Нилуфар Асламшоева, нимаи аввали рўзи 23 феврал муовини раиси Мачлиси Миллии Мачлиси Олӣ, раиси ВМКБ аз як катор қисмҳои низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвари мустақар дар вилоят, дидан кардаанд.

Дар мулоқот бо сарбозону афсарон раиси вилоят онҳоро ба ифтихори 25-уми солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ табрик намуда, гуфтааст, ки дар раванди ҷаҳонишави ва афзоиш ёфтани ҷангу низоъ дар кишварҳои мухталифи ҷахон ҳар як сарбози Ватанро зарур аст, зиракию далериро аз даст надода, баҳри ҳимояи хоки муқаддаси кишвари соҳибистиқлоламон ҳамачониба омода бошанд.

"Бо дарназардошти беш аз 900 километр хати марз бо Афғонистон моро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сокинони маҳаллӣ сарҳади кишварро аз таҳдидҳои беруна муҳофизат намоем", —гуфтааст Шодихон Ҷамшед.

Ба ҳайъати шахсии қисмҳои низомӣ тӯҳфаҳои хотиравии раиси вилоят тақдим гардида, як қатор сарбозону афсарон баҳри хизмати содиқона ба Ватан бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин барои сарбозон дастурхони идона ва барномахои фарҳангӣ пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0