Модарони хуҷандӣ ба дидори фарзандони сарбозашон расиданд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСолдаты таджикской армии на учениях. Архивное фото
Солдаты таджикской армии на учениях. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Модарони сарбозоне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дохил шудаанд, ба аёдати фарзандонашон рафтанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд узви хонаводаи ҷавононе, ки аз аввалинҳо шуда ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта буданд, ба дидори ҳам расиданд.

Бо ибтикори шуъбаи кор ба занон ва оилаи Мақомоти шаҳри Хуҷанд даҳ нафар модарони сарбозон, ки дар даъвати тирамоҳӣ фарзондонашон аз аввалинҳо шуда, ба хизмати ватан рафтанд, ба дидори фарзандонашон расиданд.

Гуфта мешавад, ки ин сарбозоне ҳастанд, ки ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафта, ҳоло хизмати ҳарбиро сарбаландона адо намуда истодаанд.

Ҳамчунин ба сарбозон маводҳои ғизоӣ супорида шудааст.

Манбаъ афзуда, ки модарони сарбозони ихтиёрӣ — Гулчеҳра Носирова, Маҳбуба Эгамова, Мухбира Юсуфова, Дилбар Шарипова, Мамлакат Сатторова, Муяясар Муҳаммедова, Зулайхо Исмоилова, Мастура Темурова, Анора Раҳматова ва Муаззам Раупова аз ин иқдоми неки роҳбарияти шаҳри Хуҷанд изҳорӣ хушнудӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0