Бозигарони мунтахаби Русия оид ба хоккей дар даври овертайми сабқат ҳарифони худро аз Олмон мағлуб карда медали тиллои Олимпиадаи зимистонаи 2018-ро аз худ карданд.
Бозии бозигарони Руия ва Олмон рӯзи якшанбе баргузор шуду, мунтахаби Русия рақибони худро бо ҳисоби 4:3 мағлуб карда, қаҳрамони Олимпиада шуданд.
Мунтахаби Русия то ин дам боре ҳам дар Олимпиада мақоми аввалро нагирифта буд: соли 1992 мунтахаби ИҶШС медали тилло ба даст оварда буд. Барои мунтахаби Олмон ҳам ҷойи дуюм дар Олимпиада бори аввал аст.
Барои варзишкорони Русия ин медали дуюми тилло дар Олимпиадаи зимистонаи 2018 аст. Нахустин медалро дар риштаи рақс дар рӯи ях Алина Зигитова гирифт.
Акнун мунтахаби Русия аз Олимпиада бо ду медали тилло, шаш медали нуқра ва нӯҳ медали биринҷӣ бозгашт.
Беҳтарин лаҳзаҳои бозии дастаи хоккейи Русия ва Олмонро дар гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.



















