Қатъи ҳаракати нақлиёт ва оғози бунёди роҳи сеқабата дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе зимой, архивное фото
Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вобаста ба оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии роҳҳои автомбилгард ва сохтмони роҳи сесатҳа дар шаҳри Душанбе ба ҳаракати нақлиёти мусофирбарӣ аз 26 феврали соли 2018 тағйирот ворид карда мешавад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати нақлиёти ҶТ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳр цатъ мегардад.

Ҳаракати нақлиёт аз ҷумла аз бурриши ҳалқаи хиёбони Исмоили Сомонӣ, хиёбони Абуалӣ ибни Сино, Нусратулло Махсум ва кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Сино қатъ карда мешавад. Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе барои ду сол боз як роҳ баста мешавад. Муҷассамаи Синоро мекӯчонанд

Сохтмони роҳи сесатҳа марҳилаи дуюми иншооти лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автмобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон" буда, он дар бурриши ҳалқаи хиёбони Исмоили Сомонӣ бо хиёбони Абуалӣ ибни Сино сохта мешавад.

Ҳамчунин сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар бурриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз кӯчаи Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳовиддинов ва таҷдиди роҳ дар ин масир ба нақша гирифта шудааст.

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба ронандаҳо машварат додааст, ки барои расидан аз маҳаллаи Зарафшон ба маркази шаҳри Душанбе аз роҳи мошингарди паҳлӯи Боғи ҳайвонот ва маҳаллаи мавсум ба "Калинин"-и пойтахти Тоҷикистон истифода кунанд.

Аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, барои иҷрои тарҳи мазкур, муҷассамаи Абӯали ибни Сино, ки соли 1984 дар ҳудуди Қаряи Боло қомат афрохта буд, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад.

Шаҳрдории Душанбе иқдоми кӯчонидани муҷассамаро чунин тавзеҳ додааст, ки он барои амалӣ кардани тарҳи роҳи нав ба миён омад ва дар ҷойи муҷассама убургоҳи зеризаминӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин ҳангоми иҷрои тарҳи мазкур наздики 3 ҳазор дарахт решакан шуда ва бархе аз марказҳои хурди савдо бардошта мешаванд. Дарвозаи шарқии Душанбе низ  гирифта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0