Зане дар шаҳри Душанбе 6 ҳазор сомонии шавҳарашро дуздид

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Тоҷикистон зане аз шавҳараш 6100 сомониро дуздидаву аз хона гурехтааст

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Кормандони милиса дар шаҳри Душанбе дар паи шикояти пирмарди 60-солае ҳамсари 51-солаашро ба иттиҳоми дуздӣ дастгир кардаанд.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати умри дохилии Тоҷикистон, ин зан, ки дар кӯчаи Борбад бо ҳамсараш зиндагӣ доштааст, 25-уми феврал 6 123 сомониро аз шавҳараш дуздида ва аз хона гурехтааст.

Дар паи шикояти шавҳар кормандони милиса амалиёти ҷустуҷиро роҳ андохта ва ҳамсарашро дастгир кардааст.

Барои бозҷӯии ин қазия парванда ташкил шуда ва такмил мешавад.

Милиционеры на улицах Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷазои сахт: милисаҳои Душанбе барои ҷанҷол дар мактабҳо ҷавобгар шуданд

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш кормандони раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе Умарҷон Маҳмадиев ном дуздеро, ки маъруф ба “Кобра” буда, дастгир карда буданд.

Ба гузориши равобити умумии Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, “Кобра” шабона тирезаҳои худравҳои шаҳрвандонро бо мурваттоб мешикаста ва пулу теелфонҳои ҳамроҳ, дастгоҳҳои роҳнамо ва дурбинҳои пешхонро медуздидааст.

Нерӯҳои интизомӣ ин табаҳкорро муттаҳам ба 30 маврид дуздӣ карда ва хисорот аз табаҳкориҳои ӯро  50 ҳазор сомонӣ баровард кардаанд.

Умарҷон Маҳмадиев муттаҳам ба судури пешбинишуда дар моддаи 244 Қонуни ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда ва боздошт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0