Меҳрона Ғайбуллоева доварони озмуни "Ты супер"-ро тасхир кард

Обуна шудан
Меҳрона бо пироҳани зебою чеҳраи тоҷикона ба саҳна баромаду доварони озмунро бо овозаш тасхир кард

Меҳрона Ғайбуллоева-намояндаи Тоҷикистон дар озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ" суруди Полина Гагарина "Драмы больше нет"-ро сароид.

Доварон истеъдоди овозхонии Меҳронаро хуб арзёбӣ карданду, ҳунарманди 17-солаи тоҷик ба даври навбатии озмун роҳ ёфт.

Пас аз ҳунарнамоӣ дигар иштирокчиёни озмун Меҳронаро ба оғӯш мегирифтанду бо пирӯзӣ табрикаш мекарданд.

"Ман бисёр шодам. Ман ҳатто дар саҳна гирён шудам. Ростӣ ман интизор набудам: чаҳор ҷавоби мусбат (ҳамаи доварон барои ба даври дигар гузаштани Меҳрона овоз доданд-шарҳ аз идора)", — нақл кард Меҳрона.

Мехрона Гайбуллоева участница шоу Ты супер!, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро дар озмуни "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона намояндагӣ мекунад

Дар бораи ҳунарнамоияш Меҳрона гуфт, ки "биёр ҷолиб буд. Ман ба сана баромадаму ҳаяҷон ҳам надоштам. Ман ба чашмони доварон нигоҳ мекардаму он чиро ки ба ман омӯхта буданд, иҷро мекардам. Фикр намекардам, ки ба даври навбатӣ роҳ меёбам", — гуфт дар суҳбат бо Sputnik Меҳрона Ғайбуллоева.

Меҳрона пеш аз ҳунарнамоӣ гуфта буд, ки агар Худо хоҳад ӯ албатта муваффақ мешавад.

Меҳрона ҳунарнамоиро ҳануз аз синфи як дар консертҳои мактабӣ шуруъ кардааст. Чанд сол пеш ҳатто бо репсарои машҳури тоҷик Master Ismail овозхонӣ кард ва фаҳмид, ки аслан аз саҳнаи бузург наметарсад, баръакс худро хеле озод эҳсос мекунад. Шуруъ аз он замон борҳо дар консертҳои шаҳрӣ ҳунарнамоӣ карда, соле пеш ҳатто дар озмуни сарояндагони ғайриҳирфаӣ — "Ориоке" барандаи ҷойи дувум шуд.

Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд. Дар мавсими дувуми озмун кӯдакону наврасон аз Русия, Белорус, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осетияи Ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0