Меҳрона Ғайбуллоева — намояндаи Тоҷикистон дар озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" пеш аз ҳунарнамоӣ бо хабарнигори Sputnik мусоҳиба кард.
Вай мегӯяд, пеш аз ҳунарнамоӣ дар ҳаяҷон нест. Ин тоҷикдухтар бар он аст, ки барои овозхони касбӣ шуданд, бояд зиёд омӯхт ва кӯшиши бештар кард.
"Худо хоҳад, ҳатман муваффақ мешавам. Ташаккур Sputnik Тоҷикистон", — гуфт Меҳрона ва ба ҳамаи ширкаткунандагони озмун муваффақият таманно кард.
Меҳронаро метавон ба воситаи ин пайванд дастгирӣ кард.
Озмуни мазкурро Ожонсии иттилоотӣ ва радиои Sputnik якҷоя бо телевизиони НТВ ташкил кардаанд.
Дар телевизиони НТВ аз 10 феврал давраи нави озмуни "Ты Супер!" намоиш дода мешавад. Ин барнома ба кӯдакони ятим имкон медиҳад, ки орзуи худро амалӣ кунанд.
Дар озмун наврасон аз Русия, Беларусия, Молдова, Эстония, Латвия, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Осотияи ҷанубӣ ва Олмон ширкат мекунанд.