Доналд Трамп: хело кӯшиш кардам, ки сари каламро пинҳон кунам

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп, архивное фото
Президент США Дональд Трамп, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Амрико Доналд Трамп ҳангоми баромадаш дар ҳамоиши консерваторҳо мӯйи сарашро истеҳзо кард

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳангоми баромад дар конфронси ҳаракати сиёсии консерваторҳо иқрор шуд, ки доим кӯшиш мекард, ки сари калашро пинҳон кунад ва ба фикри вай, ин кор ба вай даст ҳам дод.

"Ман хело кӯшиш кардам, ки сари кали худро пинҳон кунам. Бародарон, дар ҳақиқат ман намехостам муйсари худро нишон диҳам. Ин бача он қадар безеб ҳам нест",- гуфт Трамп ба экран нигоҳ карда, ки дар он баромади вай пахш мешуд.

Сильный ветер сорвал с Дональда Трампа парик - Sputnik Тоҷикистон
Сирри муйсари Трамп: сари кали Трамп ба навор афтод (НАВОР)

Мӯйсари Трамп бори аввал нест, ки мавзӯи баррасии расонаҳо ва корбарони интернет мешавад. Чанде пеш як рӯзноманигори амрикоӣ сирри мӯйсари Трампро ифшо карда буд. Духтари Доналд Трамп Иванка Трамп ба рӯзноманигор гуфтааст, дар ҳақиқат сари падарш қисман кал аст, афзун бар ин раисҷумҳур мӯйсарашро ранг мекунад.

Пештар наворе дар интернет роҳ ёфт, ки дар он сари кали Трамп сабт шуда буд. Акнун баҳси оё мӯйсари Трамп сунъӣ аст ё ҳақиқӣ ба анҷом расид, вале барои мунаққидон як мавзӯи дигар боз шуд: қисме аз сари раисҷумҳури Амрико кал будааст, ки вай пинҳон мекунад.

Лентаи хабарҳо
0