ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Сафири навтаъини Узбакистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба Душанбе расид, хабар медиҳад ТоҷикТА.
"Имрӯз раиси нави ҳайъати дипломатии Тошканд дар Душанберо вазири умури хориҷии Тоҷикистон қабул хоҳад кард",- омадааст дар хабари манбаъ.
Интизор меравад, ки дар рафти ин дидор Эргаш Шоисматов ва Сироҷиддин Аслов нусхае аз эътиборномаи худро супорад.
Сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон ба симати худ то сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон меистад.
Шоисматов дар ин симат Шоқосим Шоисломова иваз кард, ки ахирон 14 сол дар Тоҷикистон Узбакисторо намояндагӣ мекард.
Шоисломов дар дастгоҳи раисҷумҳури Узбакистон ба вазифаи наве таъин карда шудааст.