Ҳунарнамоии ситораҳои тоҷик бахшида ба Рӯзи артиш дар "Кохи Борбад"

© Фото : из личного архива Нигины АмонкуловойТаджикская певица Нигина Амонкулова, архивное фото
Таджикская певица Нигина Амонкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз ҳунармандони тоҷик дар Душанбе афсарону аскарон ва мардони Тоҷикисторо бо Рӯзи артиши миллӣ муборакбод мегӯянд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Имрӯз, 23 феврал дар тамоми шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, чорабиниҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе низ ба назар гирифта шудааст.

"Барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" баргузор мегардад. Дар барномаи консертии мазкур Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, ситораҳои ҷавони санъат, инчунин ансамблҳои "Марзбон", "Шараф", "Сипар", "Гулрез", "Фалак", "Зебо" ва "Парасту" ҳунарнамоӣ хоҳанд кард",-омадааст дар гузориши манбаъ.

Имрӯз Тоҷикистон 25-умин солгарди таъсиси  Қувваҳои Мусаллаҳро таҷлил мекунад. Чанде пеш кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба ин ҷашн як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида буд.

Ҳамин тавр, 4 нафар бо ордени "Спитамен дараҷаи II", 5 нафар бо медали "Ҷасорат", 5 нафар бо медали "Хизмати шоиста", 2 нафар бо медали "Шафқат" ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0