Икромов: Узбакистон ба маблағи ҳангуфт бо Тоҷикистон қарордод мебандад

© Фото : Габриэла Сабау / judo.uzАдхам Икрамов, архивное фото
Адхам Икрамов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Палатаи саноат ва савдои Узбакистон Адҳам Икромов дар бораи нақшаҳои доираҳои тиҷории Узбакистон бо ҳамтоёни тоҷикашон нақл кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Палатаи саноат ва савдои Узбакистон нақшаи ҷидиди ҳамкориро бо доираҳои тиҷории кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон омода мекунад.

Дар ин бора раиси Палатаи саноат ва савдои Узбакистон Адҳам Икромов хабар додааст.

"Мо пешниҳод кардем, ки Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон-Узбакистон ташкил дода шавад. Масалан 15 кас аз Узбакистон ва 15 нафар аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ, доираҳои тиҷории Тоҷикистон интихоб шаванд. Нахустин нишасти ин Шӯрои дар Тоҷикистон баргузор мешавад", — гуфт Адҳам Икромов дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дӯстии ҷовидон: Тоҷикистон ва Узбакистон шӯрои тиҷоратӣ таъсис медиҳанд

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки тарафҳо ба наздикӣ ба маблағи 15-20 миллион доллар шартнома имзо хоҳанд кард. Ин қарордодҳо ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо хоҳанд шуд.

Ёдоварӣ мекунем, ки нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 дар назар аст.

Суҳбати пурраи раиси Палатаи саноат ва савдои Узбактистонро дар шакли овозӣ гӯш кунед.

Икрамов: каждый год мы принимаем новую дорожную карту
Лентаи хабарҳо
0