Дар шаҳри Хоруғ озмуни "Посбони ватан" баргузор шуд

© SputnikРоссийско-таджикские учения, архивное фото
Российско-таджикские учения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маркази вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни "Посбони ватан" бургузор шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ, ин озмун дар муассисаи давлатии "Маркази ҷавонон"- и шаҳри Хоруғ гузаронида шудааст.

Дар озмун сарбозони қисми низомии 0410, Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ва 01123 – и Вазорати мудофиаи кишвар ширкат кардаанд.

Маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони сабқатҳои варзишӣ дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Туҳфаҳои генерал Раҳимзода ба ғолибони сабқатҳои варзишии Хоруғ

Гуфта мешавад, ки сарбозон аз рӯи ҳафт шарт қувваозмоӣ кардаанд.

Дар даври ниҳоӣ, қисми низомии 0410 бо бартариҳои зиёд холҳои бештарро ба даст оварда, ҷои аввалро аз худ кардааст.

Ба ғолибон ифтихорномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ тақдим гардидааст.

Ин озмун бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ баргузор шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонид.

Лентаи хабарҳо
0