ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев муовини аввали раиси Хадамоти гумрукро таъйин кард.
Ҳамин тавр, Орипов Ҷасур Олимович дар ин вазифа Бахтиёр Раҳимовро, ки рӯзи 20 феврал аз ин симат барканор шуд, иваз кардааст.
Орипов то ин дам вазифаи муовини мудири Бюрои иҷроияи иҷбории Додитонии кулли Узбакистонро бар ӯҳда доштааст.
Пештар раиси Хадамоти гумруки Узбакистон, Муидҷон Тоҳир аз вазифа барканор шуд. Раҳбари нави Хадамоти гумруки Узбакистон Муродҷон Азимов, муовини пешини Додситонии кулли кишвар таъйин шуд.
Тоҳирӣ дар вазифаи сардори Хадамоти гумрук аз моҳи декабри соли 2016 фаъолият кардаааст. Аз соли 2013 ӯ раҳбари Хадамоти амнияти раисҷумҳури аввалини Узбакистон Ислом Каримов будаасту пештар мушовири раисҷумҳур ва муовини раиси Шӯрои амнияти миллӣ будааст.
Авохири моҳи январ Мирзиёев раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон Рустам Иноятовро, ки 23 сол боз дар ин симат буд, аз вазифа барканор кард.
Ба ҷои ӯ Ихтиёр Абдуллоев, ки пештар вазифаи додситони куллро бар дӯш дошт, таъйин шуд. Иноятов мушовири раисҷмҳур ва сенатор интихоб шуд.