Аҳмадзода қонуни забонро дар вилояти Суғд иҷроӣ мекунад

© Foto / Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори раиси вилоят дар Суғд Комиссияи вилоятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис меёбад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Аҳмадзода қонуни забонро дар вилояти Суғд иҷроӣ мекунад.

Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора қарори навбатии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба тавсиб расид.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори навбатии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд аз 20 феврали соли 2018, №41 Дар бораи таъсиси Комиссияи вилоятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расидааст.

Дар асоси қарори мазкур ҳайат ва низомномаи Комиссияи вилоятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидаст.

Тавре дар қарор гуфта мешавад, Комиссияи вилоятӣ фаъолияташро ҷиҳати эҳтиром ва бузургдошти забони давлатӣ дар ҳудуди вилоят ба роҳ монда, корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ менамояд.

Ба ҳайати Комиссияи вилоятӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ (раиси Комиссияи вилоятӣ), мудирони шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, сардорони раёсатҳои фарҳанг, маориф ва тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва забоншиносон шомил мебошанд.

Ёдрас мешавем, пештар чунин комиссия бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ҳукумати пойтахт низ ташкил карда буд.

Хешкории ин Комиссия, чунон ки аз қарори шаҳрдор бар меояд, иҷрои Қонуни забони давлатӣ ва созгор кардани раванди коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи раис ва ниҳодҳои шаҳрдории Душанбе аст.

Лентаи хабарҳо
0