Дастрасӣ ба иттилооти додгоҳӣ дар Тоҷикистон осон мешавад

CC BY 2.0 / Flickr / Rae Allen / ThemisБогиня правосудия Фемида
Богиня правосудия Фемида - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маросими роҳандозии расмии тарҳи “Дастрасӣ ба иттилооти додгоҳӣ" барои солҳои 2018-2019 имрӯз 21 феврал дар Додгоҳи олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Дастрасӣ ба иттилооти додгоҳӣ дар Тоҷикистон осон мешавад.

Ба нақл аз хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, Йохан Бёрной, сафири Норвегия дар Тоҷикистон ва Пратибха Меҳта, намояндаи барномаи рушди Созмони милал дар Тоҷикистон бо имзои худ дар ин тарҳи муштарак, иҷро шудани онро тазмин карданд.

Ҳадафи ин тарҳ афзоиши зарфият ва тавонмандии қозиён ва кормандони Додгоҳи олии Тоҷикистон барои ироаи хадамоти бокайфият, аз ҷумла ироаи иттилооти бамавқеъ ва дақиқ ба мардум ва ҳамчунин пуштибонии қонун барои дастрасӣ ба иттилооти додгоҳӣ эълом шудааст.

Ба таври куллӣ ин тарҳт бо ҳадафи дастёби ба барномаи тавсеаи милли Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва аҳдофи ҷаҳонии тавсеаи пойдор, роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0