ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд қонунеро ба имзо расонид.
Бино бар иттилои манбаъ, қонунҳои баимзорасонидаи раисҷумҳур пештар аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва маҷлиси миллӣ тасдиқ ёфта буд.
Ҳамин тавр, кишвардор қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ", "Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он", оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳоро имзо кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуотӣ матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишар мунташир мешавад.
Пештар Маҷлиси Миллӣ аз ислоҳи қонун дар бораи интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард. Ин ислоҳот, ки даҳ рӯз пеш дар Маҷлиси Намояндагон тасвиб шуда буд, роҳи афроди 30-соларо барои довталабӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мекушояд.
Дар умум Маҷлиси миллӣ се қонуни конститутсионӣ, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда буданд.
Пештар, мувофиқи қонунгузории Сарқонунии ҶТ синну соли номзадҳо ба раёсати ҷумҳурӣ бояд аз 35-сола боло мешуд.