Вожаҷӯ – нахустин фарҳанги интернетии форсии тоҷикӣ роҳандозӣ шуд

© © SputnikОнлайн словарь Таджикского языка, архивное фото
Онлайн словарь Таджикского языка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ нахустин фарҳанги бархатти тафсирии форсии тоҷикӣ расман ба баҳрабардорӣ расид

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Вожаҷӯ” нахустин фарҳанги интернетии забони форсии тоҷикӣ аст, ки чанд ҷавони тоҷик падид оварда ва дар Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ дар дастраси корбарон қарор додаанд.

Профессор, заведующий кафедрой иранской филологии Владимир Иванов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Иванов: тоҷикон бояд забонашонро аз калимаҳои русӣ пок кунанд

Падидоварандагони ин фарҳанг – Умед Ҷайҳонӣ ва Искандар Рафиев – дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар кадоме ҷудогона аз солҳо пеш кӯшиш доштаанд чунин вожаҷӯе падид оваранд, вале талошҳояшон ба ҷое нарасида то ин ки дар гурӯҳи фейсбукии “Забонкада” бо якдигар ошно шуданд.

“Чанд сол пеш аз ин эрониҳо вожаёбе падид оварда буданд, ки камобеш ҳама фарҳангу вожаномаҳои форсиро дар бар мегирад. Мо, тоҷикон, ҳарчанд форсизабонем, вале чун хаттамон форсӣ нест, наметавонем аз он вожаёб баҳра бигирем, магар касоне, ки форсихон бошанд. Аз ин рӯ, дар гурӯҳи “Забонкада”, ки онро соли 2015 ташкил карда будам, аз ҳамвандон ёриву ҳамкорӣ хостам то чунин фарҳангеро падид оварем. Хушбахтона, бисёре аз ҳамвандон ин пешниҳодро хуш пазируфтанд, ки яке аз онҳо Искандар буд”, — гуфт Умед Ҷайҳонӣ.

“Ман се сол пеш нахустин кӯшишамро барои падид овардани фарҳанги интернетӣ карда будам. Барномаашро зуд навиштам, вале дар ворид кардани вожаҳо дар ин барнома мушкилот пеш омад. Чунончи, бояд ҳар ду ҷилди “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-ро скан мекардам, вале аз онҷое, ки мадхалҳояш ба хатти тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудаанд, танҳо барои як сафҳааш 5 соат вақт сарф шуд. Агар мадхалҳоро дастӣ ворид мекардам, зудтар корро анҷом дода будам. Аз ин рӯ, аз ҳамсарам ва дӯстонам ёрӣ хостам, аммо кор ҳамоно суст пеш мерафт. Ночор аз чанд омӯзгор дар Исфара ҳамкорӣ хостам, вале бо ёрии онҳо низ дастнавис кардани мадхалҳо ба шакли электронӣ беш аз як сол ба дарозо мекашид. Инҷо буд, ки дар Фейсбук гурӯҳи “Забонкада”-ро пайдо кардам ва бо Умед ошно шудам”, — гуфт Искандар Рафиев, ки ҳамакнун дар Амрико зиндагӣ ва кор мекунад.

© из личного архива Искандара РафиеваИскандар Рафиев, архивное фото
Искандар Рафиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Искандар Рафиев, архивное фото

Дӯстон қарор доданд, ки аз ҳамвандони “Забонкада” коргурӯҳеро ташкил кунанд, ки се гурӯҳро дар бар гирад — барноманависон, ки шолудаи электрунии вожаёбро бисозанд, вожанависон, ки фарҳангҳои тоҷикиро бознависӣ кунанд ва виростороне, ки вожаҳоро дар барнома ҷой диҳанд.

Яке дигар аз ҳамвандони “Забонкада” — Дӯстмурод Саид матни комилу вироишпазири “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-ро дар ихтиёри коргурӯҳ гузошт.

“Рӯзе аз Умед номае дарёфт кардам, ки ин матнро ба пайванд дошт. Аз шодӣ дар пӯстам намегунҷидам! Чун рӯзона кор мекардам ва шабона додаҳоро аз ин парванда берун меовардам ва дар барнома ҷой медодам, чаҳор ҳафта гузашт то нахустин нусхаи фарҳанги интернетии “Вожаҷӯ” падид ояд. Ин номро Умед барояш пешниҳод кард, ки дар номгузорӣ коршинос аст”, — мегӯяд Искандар.

“Акнун, ки “Вожаҷӯ” падид омада буд, бояд онро меозмудем ва бо дигар фарҳангҳо месанҷидем то каму косту ишколоташ ошкор шавад. Як моҳ онро озмоишу санҷиш кардем, аз ҷумла, дар хабарҳои Sputnik Тоҷикистон вожаҳоеро, ки барои хонандагон ноошно менамуданд, ба “Вожаҷӯ” пайванд медодем ва коромадии онро санҷидем, ки бисёр хуб буд. Дар ин марҳила яке дигар аз дӯстон — Рустам Маҷидов ҳамроҳамон шуд”, — мегӯяд Умед.

© © Sputnik Умед Джайхaни, архивное фото
Умед Джайхaни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Умед Джайхaни, архивное фото

“Ин нусха аз Вожаҷӯ чанд имкони ҷолиберо бароямон фароҳам овард. Яке ин ки бар асоси он метавон ғалатёби матнҳои тоҷикиро омода кард ва дар барномаи Microsoft Office гунҷонд то дар дигар нармафзорҳо низ дастрас бошад. Дигар ин ки бар асоси ин фарҳанг метавон барномаи нависагардони форсӣ-тоҷикиро сохт. Чунин барномае иҷоза хоҳад дод, ки бо як ангушт задан, масалан, хабарҳои Sputnik Тоҷикистон ба хатти форсӣ ва хабарҳои Sputnik Эрон ва Sputnik Афғонистон ба хатти тоҷикӣ баргардон шаванд. Умедворам, ки битавонем чунин нависагардонеро ҳам дар оянда падид оварем ва девореро, ки аз ноҳамгунии расмулхатт миёни форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Узбакистон аст, рахна кунем”, — мегӯяд Искандар.

“Акнун бояд ишколоту ғалатҳоеро, ки аз “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” ба “Вожаҷӯ” гузаштаанд, ислоҳ кунем ва онро такмил диҳем. Ин кор бисёр душвор ва замонбар аст, вале ҳатман анҷом дода хоҳад шуд. Муҳимтарин ҳадафамон коромад ва рӯзомад кардани “Вожаҷӯ” аст ва дар ин росто ҳама кӯшишу талошамон хоҳем кард. Умедворем, ки корбарон эроду нақдашонро аз мо дареғ нахоҳанд дошт”, — мегӯяд Умед.

“Ҳамчунин кӯшиш хоҳем кард, ки Вожаҷӯро бо корбурди навтарин фанновариҳои иттилоъотӣ беҳинасозӣ кунем ва онро бо дигар фарҳангу донишномаҳо пайванд занем то корбарон бо камтарин заҳмат бештарин иттилоъву донистаниҳоро дар ҳар заминае ба даст оваранд. Ҳамчунин кӯшиш хоҳем кард нармафзори корбурдӣ ҳам барояш омода кунем то бишавад онро дар телефонҳои ҳушманд боргузорӣ кард”, — мегӯяд Искандар.

“Аз Sputnik Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар санҷишу озмоиши Вожаҷӯ самимона сипосгузорӣ мекунем ва умедворем, ки ҳамкориямон дар ин замина идома хоҳад ёфт”, — гуфтанд Умед Ҷайҳонӣ ва Искандар Рафиев.

Sputnik Тоҷикистон барояшон комёбиҳо орзӯ мекунад ва омода аст ҳамкориро густариш диҳад.

Лентаи хабарҳо
0