ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузоришии равобити умумии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, бориши ду рӯзаи борону барф, сафар дар роҳҳои куҳистонро хатарнок мекунад.
Эҳтимоли лағзиши тармаву аз сардӣ ях бастани роҳҳо зиёд аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинон ва меҳмонони кишварро ҳушдор медиҳад, аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд.
"Ба таваҷҷуҳи сокинон ва мемонони кишвар мерасонад, ки аз сабаби боришот рӯзҳои 20-21-уми феврали соли 2018 дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Сангвор, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма, ғарам шудани барф ва яхбандӣ зиёд аст", — омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш мекунад ҳангоми истифода аз роҳҳои номбурда хеле ва хеле эҳтиёткор бошанд.
Кумита аз ронандагон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо зимни сафар суръати ҳаракатро боло набаранд, масофа миёни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд, ва омодаи ҳар гуна рӯйдоди эҳтимолӣ бошад.