Ситораҳои тоҷик дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунанд

© Фото : instagram / farzonakhurshedСестры Фарзона Хуршед и Шабнам Сурайё
Сестры Фарзона Хуршед и Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин росто ба наздикӣ созишномае имзо хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба гузоришии равобити ууми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дирӯз 20 феврал дар Вазорати фарҳан мудири кулли муассисаи давлатии сафарию ҳунарии "Базморо" Олим Акрамов ва мудири кулли муассисаи давлатии "Ӯзбекконсерт" Одил Абдуқаҳҳоров дидор ва мулоқот карданд.

Дар ин дидор ҳамчунин корманди шоистаи фарҳанги Узбакистон, коргардони Театри калони давлатии академии Ӯзбекистон Ҳайдаралӣ Қосимов ва сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Толиб Норов ширкат кардаанд.

Город Душанбе зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии Душанбе барои пешвози Шавкат Мирзиёев

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар дар соҳаи ҳунар, аз ҷумла ташкили сафарҳои ҳунарии ҳунарпешагон ба ҳар ду кишвар ва баргузории консертҳои муштарак суҳбат намуданд.

"Созишномаи дутарафа дар ин росто бояд таҳия гардида, дар чанд рӯзи минбаъда, ки меҳмонони узбак дар Тоҷикистон ҳузур доранд, ба имзо бояд расонида шавад", —омадааст дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ки намояндагони Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҷашнвоари ягонаи жанрҳои гуногуни мусиқӣ ташкил карда шавад.

Ин пешниҳод аз чониби меҳмонони ӯзбек фикри хуб дониста шуд ва ҷонибҳо қарор доданд, ки лоиҳаи муштараки фестивал омода ва ба кишварҳои боқимонда барои баррасӣ ва мувофиқа пешниҳод шавад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе баргузории консерти ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон таҳти унвони "Шоми дӯстӣ" дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0