Сироҷиддин Аслов бо сафири Норвегия дидор кард

© Фото : АЗ ВКДВохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Норвегия
Вохӯрӣ бо Сафири Шоҳигарии Норвегия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири Норвегия дар Тоҷикистон Оле Йохан Бёрней дидор ва мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, рӯзи 20 феврал, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Норвегия дар Тоҷикистон, бо қароргоҳаш дар шаҳри Осло, Оле Йохан Бёрнейро ба ҳузур пазируфтааст.

"Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Норвегия, инчунин ҳамкорӣ дар ниҳодҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд", —омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон хостори густариши равобит бо Эрон дар ҳама заминаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ аст, гуфт вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷиддин Аслов.

"Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар ҳамеша талош кардааст, то дар симои Эрон ва дар ҳама заминаҳо шарики боэътимод ва дӯсти пойдорро пайдо кунад", — гуфтааст Аслов дар маросиме ба муносибати солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар Эрон дар сафорати Ҷумҳурии Исломӣ дар Душанбе.

Лентаи хабарҳо
0