ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Писарони сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров бачае ҳамсолашонро аз Қазоқистон, ки онҳоро ба рақобати размии таркибӣ даъват кардааст, ба меҳмонӣ хондаанд, вале аз муқобила бо ӯ худдорӣ намудаанд.
Дар сабқати Грозний дар авоили моҳи октябр писари даҳсолаи раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров Ахмад рақибашро ба таври нокаут дар дақиқаи 14-уми мусобиқа мағлуб кард. Ҳамчунин, ду писари дигари Кадиров Эли (9-сола) ва Адам (8-сола) бар рақибонашон дар намудҳои сабқати рамзии категорияҳои то 27 ва 35 килограммӣ, ғолиб баромада буданд.
Баъдтар, сардори Шӯрои Иттиҳодияи MMA-и Русия Федор Юмеляненко рақобат бо иштироки кӯдаконро маҳкум карда, қайд намуд, ки ба кӯдакони то синни 12-сола иҷоза дода нашудааст, ки аз рӯи қоидаҳои MMA баромад кунанд.
Қаблан дар шабака видеонаворе пайдо шуда буд, ки дар он Абай Тажибайи 10-солаи қаҳрамони кикбоксинги Остона, писарони сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров — Ахмад ва Адамро ба рақобат даъват мекунад, то ки аз онҳо "камарбанди ҳирфаии ММА-ро баргирад".
"Абай, ту марди ҳақиқиӣ, коратро бо ҳамин рӯҳия давом деҳ. Агар тақдир моро ба ҳам орад, мо дар даруни қафас ҳамдигарро вомехӯрем, вале дар ҳаёт бародар хоҳем монд. Ба кишвари мо биё, мо аз дидори меҳмон ҳамеша шодем", — гуфтааст писари калонӣ Ахмад дар видеонаворе, ки он дар Instagram дар саҳфаи мураббии тифлонаш, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон аз рӯи сабқати UFC Абдул-Керим Эдилов, ҷой дода шудааст.
Дар айни замон, Ахмад қайд кард, ки менеҷер фитнес-клуберо, ки Таджибай аз он намояндагӣ мекунад, беҳтарин таблиғ кардааст.
Адам Кадиров, дар навбати худ, писари қазоқро ба рақобату спаррингҳо даъват кард. "Қазоқҳо ҳамеша бародарони мо буданд. Аммо даъвати рақобат чизи дигар аст — категорияҳои вазнии мо гуногунанд, ту ҳеҷ гуна рақобати таркибӣ ва сатҳи лозима надорӣ. Ба клуби мо биё, якҷоя ба тамрину спарринг машғул мешавем, мо дӯст хоҳем буд», — хулосабарорӣ кардааст Адам Кадиров.
Абдул-Керим Эдилов чунин мешуморад, ки даъвати писарони сарвари Чеченистон ба рақобат, ин як "кӯшиши номуввафақи худпарастӣ" аст.
"Ҳангоми интихоби рақиб, меъёрҳои мухталифе ба назар гирифта мешаванд, ки ҳаққи мубориза бурдан ё рад кардани онро доранд. Ман мехоҳам ҳамаи онҳоеро, ки кӯшиши пул кор карданро дар ин мавзӯъ ба харҷ медиҳанд, кӯшишҳои носолими худро барои худтаблиғоткунӣ қатъ намоянд. Агар шумо дар ҳақиқат мехоҳед, ки дар октагон мубориза баред, пас ба шумо лозим нест, ки таваҷҷӯҳи ВАО ба ин ҷалб кунед. Танҳо дар ин бора ба ман нависед ва мо ҳамаи тафсилоти онро муҳокима хоҳем кард. Ман боварӣ дорам, ки даъвати Ахмад, Эли ва Адам ба ин рақобат, танҳо як худпарастии номуваффақ аст, на бештар аз ин", — мегӯяд Эдилов.