Ду қочоқбар дар Тоҷикистон маҳкум ба 10 - 12 сол зиндон шуданд

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 21 фев  — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрвандон Неъматуллобеков ва Тӯйбошевро, ки муттаҳам ба қочоқ ва муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир шуда буданд, муҷрим шинохт.

Ба гузориши равобити умумии Додситонии кулли Тоҷикистон, Неъматуллобеков 5 октябри соли 2017 аз Маҳмадулло ном шаҳрванди Афғонистон 4,775 килуграм маводи мухаддирро харида ва онро ба шаҳри Душанбе бурдааст.

Вай дар Душанбе аз хешовандаш Тӯйбошев, ки маводи мухаддирро ба манзили ӯ бурдааст, дар фурӯши он ҳамдастӣ хостааст.

Тӯйбошевро кормандони нерӯҳои амниятӣ 15 октябри соли 2017 бо бастае ҳашиш дастгир кардаанд.

Додгоҳ ҷурми ин ду муттаҳамро собит карда ва Неъматуллобековро ба 12 сол ва Тӯйбошевро ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Ин ду муҷрим муддати маҳкумияти худро дар зиндони дорои низоми шадид сипарӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0